ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба шарафи 30-солагии Истиқлолият дар Хуҷанд 133 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ бунёд шудаанд
ХУҶАНД, 25.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввал 133 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ- 4 иншооти соҳаи маориф, 5 иншооти фарҳангӣ- фароғатӣ, 3 адад нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, 8 адад бинои истиқоматии баландошёна ва 83 иншооти ҳаётан муҳим бунёд шудаанд.
Имрӯз шаҳри Хуҷанд бо бештари мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин Аврупо ҳамкории қавии иқтисодӣ дошта, танҳо давоми шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби 11 корхонаи саноатии шаҳр ба давлатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 93,3 млн. сомонӣ маҳсулот содирот гардидааст. Ин рақам дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 15,8 фоиз баробар аст. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дод.
Ҳамзамон мавсуф зикр намуд, ки имрӯз дар корхонаҳои шаҳр 92 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳр ба миқдори 589 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4 дар сад зиёд мебошад.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ин давра дар миқёси шаҳр 13 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис шуда, беш аз 20 километр роҳҳои ҳудуди шаҳр пурра мумфарш гардидаанд. Ҳамзамон сохтмони зиёда аз 45 адад биноҳои истиқоматӣ аз тарафи соҳибкорон идома дорад.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон ба шаҳри Хуҷанд 1902 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 3461 нафар сайёҳони дохилӣ ташриф оварда, бо мавзеъҳои дорои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ шинос гардиданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






