ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: Боғи 15-солагии Истиқлолияти шаҳри Кӯлоб навсозӣ мешавад

Июль 18, 2019 09:25

КӮЛОБ, 18.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи 15-солагии Истиқлолияти шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаридун» навсозӣ карда мешавад. Айни замон дар боғи мазкур корҳо аз рӯи лоиҳа босуръат ҷараён дошта, коргарон қисмати зиёди корҳои заминӣ ва оҳану бетониро анҷом додаанд.

Тавре сардори ҶДММ «Фаридун»  Акбар Маҳмадҷонов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттидоъ дод,  дар боғи мазкур хатти оби нӯшокӣ ва барқ вуҷуд надошт ва сохтмончиён вобаста ба лоиҳа хатҳои об ва барқро кашида истодаанд.  Бояд гуфт, ки дар корҳои сохтмонӣ масолеҳи хушсифати ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ истифода бурда мешавад. Инчунин аз рӯи лоиҳа, дар ин боғ майдончаи хурди футбол, майдончаи бозии кӯдакон, амфитеатри хурд, фаввораҳо ва дигар намуди хизматрасониҳо барои сокинон муҳайё гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки боғи фароғатӣ дар рӯзҳои ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Июль 18, 2019 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд