ҒАЛАБА МУБОРАК! Бозии дуюми дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» бо пирӯзӣ анҷом ёфт

Июль 11, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 11.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Аҳмадободи   Ҷумҳрии Ҳиндустон бозии даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби  Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар»  Меҳрони  Қурбон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.  

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидори ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро  Комрон Турсунов ва Илҳом Баротов ба ҳадаф расонида, пирӯзии  дастаи мунтахаби Тоҷикистонро таъмин намуданд.

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон бозии дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро низ бо пирӯзӣ анҷом дод. Ёдовар мешавем, ки дар даври якум шогирдони Усмон Тошев мизбони ин мусобиқа-дастаи мунтахаби  Ҳиндустонро бо ҳисоби калони 4:2 шикаст дода буданд. Акнун дар даври сеюм 15 июли соли равон  дастаи мунтахаби Тоҷикистон  бо дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ вориди майдони рақобат мешавад. Иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»

Даври 2-юм      

ТОҶИКИСТОН – Сурия – 2:0

Голҳо: Комрон Турсунов, 46 (1:0). Илҳом Баротов, 67 (2:0).

Хотиррасон  менамоем, ки  Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи миллии кишвар дар вохӯрии Тоҷикистон ва Сурия беҳтарин бозингар интихоб гардид. Маҳорати дарвозабони ҷавони дастаи мо сабаби он шуд, ки бозӣ бе сар додани гол ҷамъбаст шавад. Ӯ дар чанд маврид бо сейвҳои  бозингарони  Сурия дарвозаро аз гол эмин нигоҳ дошт. Баъди бозӣ аз ҷониби масъулини мусобиқа бо 2500 доллари ИМА қадрдонӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал ҳам маблағӣ пулӣ барои беҳтарин футболбоз насиби узви дастаи мо Муҳаммадҷон Раҳимов гардида буд.

Июль 11, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад