ҶАШНВОРАИ «ДЕЛФИНҲО»-И ТОҶИК! Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии намудҳои обии варзиш Фестивали шиноварӣ доир карда шуд

Июль 7, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 07.07.2019./АМИТ «Ховар»/. 6-уми июл  бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии  намудҳои обии варзиш дар МҶМОВ «Оид ба намудҳои обии варзиш» Фестивали шиноварӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Ин  мусобиқаи варзишию оммавиро  Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи ин намуди зебои варзиш, шиносоии наврасону ҷавонон бо тарзу усулҳои намудҳои варзиши обӣ доир кард. Дар  он  беш аз 150 нафар варзишгарону хоҳишмандон ширкат намуданд.

Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, дар маросими кушодашавии  фестивал  намояндаи Федератсияи миллии шиноварии кишвар Ориф Ҷӯраев ҳамаи иштирокчиёнро аз номи раиси Федератсияи миллии шиноварии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода табрик гуфта, ба ҳамагон солимӣ ва дар кору зиндагиашон комёбию муваффақиятҳо таманно намуд.

Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулло Маҳмадализода ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода зимни суханронӣ зикр намуданд, ки иқдоми пешгирифтаи Федератсияи миллии шиноварӣ саривақтӣ буда, чунин чорабиниҳо наврасону ҷавонони кишварро боз ҳам ҳавасманду ба ин намуди варзиш ҷалб хоҳанд намуд. Шароитҳои мусоиди машғул гардидан ба ин намуди варзиш, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ сол то сол боз ҳам беҳтар мегарданд, имконият медиҳанд, ки варзишгарони мо дар ин риштаи варзиш низ саъю кӯшиши бештар намуда, муаррифгар ва парчамбардори Ватани хеш дар арсаи байналмилалӣ гарданд.

Дар идома аз ҷониби варзишгарони мактабҳои намудҳои варзиши обии ҷумҳурӣ дар назди ҳозирин баромадҳои намоишӣ, бо намудҳои варзиши шиноварӣ, аз қабили тарзи озод, парвона, пуштнокӣ, брасс, омехта, маҷмӯӣ ва ғайра нишон дода шуда, ҳамчунин байни онҳо мусобиқаҳои варзишӣ ва шиноварии оммавӣ барои варзишгарону хоҳишмандон баргузор карда шуд.

Аз ҷониби мутахассисони соҳа ба тамошобинон тарзу усули наҷотдиҳии шахсони ғарқшуда ҳангоми оббозӣ дар кӯлу обанборҳо, амали дигар иштирокчиён дар вақти содир шудани чунин ҳодисаҳои нохуш ва пешгирии он намоиш ва маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд.

Варзишгари наврас Рустам Зокирови 14-сола аз шаҳри Душанбе иброз дошт, ки тайи ду сол аст, таҳти роҳбарии мураббӣ Дилбар Очилова нозукиҳои шиновариро омӯхта, боварӣ дорад, дар оянда дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ баромад намуда, мақомҳои ифтихориро ба даст меорад.

Саддам Рамзиёрзодаи 16-сола бошад, аллакай чемпиони 7-каратаи ҷумҳурӣ миёни наврасону ҷавонон аст ва барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ, ки моҳи августи соли ҷорӣ, дар кишвари Маҷористон доир мегардад, омодагӣ мебинад. Онҳо ҳамсолонашонро барои машғул гардидан ба варзиши шиноварӣ даъват намуданд.

«Варзиши шиноварӣ барои табобати бемориҳои гуногун, аз қабили дарди сутунмуҳра, нафаскашӣ, майнаи сар, гардиши хун ва ғайра фоидабахш аст» — зикр намуд, мутахассиси соҳа, мураббӣ аз намуди варзиши шиноварӣ Аҳмадҷон Умаров.

Дар охир ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби ташкилкунандагон туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома тақдим карда шуд.

Моҳи январи соли 2016 Бюрои Федератсияи байналмилалии шиноварӣ дар Будапешти Маҷористон оид ба ҷашни Рӯзи ҷаҳонии варзишҳои обӣ қарор қабул кард. Аз ҳамон сол аввалин рӯзҳои истироҳатии моҳи июл то 19 июл – рӯзи таъсисёбии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (1908 дар Лондон) дар ҷаҳон Рӯзи варзишҳои обӣ таҷлил мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки моҳи октябри соли 2017 Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода раиси Федератсияи шиноварии Тоҷикистон интихоб гардид ва соли 2018 ин федератсия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Хуҷанд нахустин маротиба дар даврони истиқлолияти мамлакат Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор  намуд.

Бо мақсади ривоҷ бахшидани навҳои варзиши обӣ, бахусус навъҳои олимпии он курсҳои такмили ихтисоси мураббиён ва устодони мактабҳои бачагонаи варзишӣ ва макотиби олии мамлакат таъсис дода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки шиноварони Тоҷикистон дар ҳамаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ба истиснои Бозиҳои олимпии Афина-2004 ширкат варзидаанд. Дар солҳои шӯравӣ зодагони шаҳри Душанбе дастпарварони мактаби варзишии Тоҷикистон Юрий ва Михаил Лобановҳо  дар саросари ҷаҳон машҳур гашта буданд. Устоди шостаи варзиши ИҶШС Юрий Лобанов 8 маротиба чемпиони ҷаҳон ва чемпиони Бозиҳои олимпии  соли 1972 гардида буд. Бародари ӯ  Устоди шоистаи варзиши ИҶШС Михаил Лобанов, ки низ ҷамъияти варзишии «Тоҷикистон»-ро намояндагӣ мекард, ду дафъа   медали тиллои чемпионати ҷаҳонро ба даст овардааст.

Ду сол пеш дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ дар Ашқобод ҷои сеюм ва медалҳои биринҷиро  соҳиб шуданд. Шиновардухтарони кишвари мо Карина Климик ва Анастасия Турина борҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ комёб гардидаанд.

 

 

 

 

Июль 7, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии санҷишӣ тими миллии Чинро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
ҶУДО. Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии Гран – Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад