Бо гранти JICA 90 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ харидорӣ мегардад

Июль 13, 2019 10:51

ДУШАНБЕ, 13.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Япония  тасмим дорад, ки дар доираи татбиқи як тарҳ ба Ҳукумати Тоҷикистон 90 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббии дорои таҷҳизоти лозима харидорӣ намояд. Дар ин росто,  дар Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Агентии Япония  оид ба  ҳамкории байналмилалӣ (JICA) созишномаи грантӣ барои маблағгузории лоиҳаи «Пешниҳоди нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ»  ба имзо расид. Дар ин  хусус Раёсати котиботи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Сарчашма хабар медиҳад, ки санади мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Хидеки Танабе ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, ки арзиши умумии лоиҳа аз ҳисоби гранти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ 771 миллион йени японӣ,  муодил ба  7,1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

 

Июль 13, 2019 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд