Дар Душанбе масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

Июль 2, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 02.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилноза Аҳмадзода  бо роҳбари барномаҳо оид ба рушди устувори иқтисодии Барномаи рушди Созмони  Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебо Ҷалилова доир гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои ифротгароӣ ва террористӣ, татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид.

Ҳамчунин зикр шуд, ки  сиёсати давлатии ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати мамлакат  маҳсуб ёфта, доир ба такмил ёфтани он пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ  карда мешаванд. Зеро имрӯз тақдири ояндаи халқу давлат бар дӯши ҷавонон вогузор шуда, иштироки онҳо дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  баръало эҳсос мегардад.

Дар охир  ҷонибҳо  ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд, баргузории чорабиниҳои муштарак ва ҷалби васеи ҷавонон ба барномаҳои маърифатӣ ба мувофиқа расиданд.

Июль 2, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд