Дар Душанбе мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея баргузор гардиданд.
Кори мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея бо вохўрии хоссаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён оғоз шуд.
Зимни баргузории мулоқоту музокирот ҳайатҳои расмии ин ду кишвари дўст масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамгироиро байни Тоҷикистону Корея мавриди муҳокима қарор доданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои вобаста ба он ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Зикр шуд, ки дар доираи сиёсати муваффақонаи сарони ин ду кишвари дўст гардиши молу маҳсулот соли 2018 нисбат ба соли 2017 1,7 маротиба зиёд гардид. Дар панҷ моҳи соли 2019 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Корея 13 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин шаҳодати рўз то рўз рушд ёфтани ҳамгироӣ миёни Тоҷикистону Корея мебошад.
Аз рўзҳои аввали барқарор намудани робитаи дўстӣ миёни ин ду кишвар аз Ҷумҳурии Корея ба соҳаи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи сармояи мустақим 54 миллион доллари америкоӣ ворид гардидааст.
Дар робита ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, роҳҳои афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Корея таъкид гардид, ки новобаста аз афзоиши нишондиҳандаҳо ҳанӯз ҳам имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намегарданд ва дар оянда боз ҳам фаъол гардонидани ниҳодҳои дахлдор зарур аст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни баргузории мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Корея зикр кард, ки дар асоси сиёсати муваффақона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст. Ҷиҳати бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ дар минтақаҳои мазкур ба соҳибкорону сармоягузорон як зумра афзалиятҳо дода шудаанд. Фароҳамсозии имконоти зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар қаламрави мамлакат бунёду сохтмони иншооти гуногуни истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкорону сармоягузоронӣ дохилию хориҷӣ ҷараён дорад.
Ҷонибҳо доир ба иҷрои нақшаи муштараки ҳамкорӣ оид ба афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Корея табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки имрўзҳо дар баробари дигар маҳсулот метавон аз Тоҷикистон ба Корея маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дорои сифати баланд мебошад, содирот кард.
Ҳарду ҷониб аз сатҳу сифати ҳамкорӣ дар самтҳои муҳим изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, роҳу нақлиёт, фарҳанг, илму маориф, обу экология ва дигар масъалаҳои доғи рўз таъкид доштанд.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея аз 28 апрели соли 1992 барқарор гардида, то имрўз дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ Тоҷикистону Корея дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти доғи рўз идома меёбанд.
Дар анҷоми мулоқоту музокироти байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея ду санади нави ҳамкорӣ- Лоиҳаи Созишнома оид ба расонидани кумаки бебозгашт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ва Лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба таъсиси гўшаи Корея ба имзо расонида шуд.
Сипас намоиши иқтидорҳои энергетикии мамлакат ва лоиҳаи сохтмони як қатор иншооти муҳими соҳа баргузор шуд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, бо роҳи ҷалби сармоя ва оғози сохтмони иншооти энергетикӣ метавонад дар таъмини сокинони минтақа бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза саҳм гузорад.
Оид ба натиҷаҳои нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея Қоҳир Расулзода ва Ли Нак Ён нишасти матбуотӣ баргузор намуданд.



















Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Суғд ва Ботканд густариш меёбад
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 17 миллиард сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ ба имзо расид
Вазорати молияи Тоҷикистон 81 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 331,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид
Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба роҳ монда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар шаш моҳ қариб 8 миллиард сомонӣ иҷро шуд
Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти пешбурди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Соҳибкор аз Тоҷикистон Шарифбек Давлатов дар Муғулистон бо медали фахрии «Роҳи Абрешим» қадрдонӣ гардид
Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд






