ФУТБОЛ: «Истиқлол» бар дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе ғолиб омад

Июль 1, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 01.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе вохӯрии мавқуфмондаи даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ-    «Истиқлол»-и Душанбе  ва КМВА «Помир»-и Душанбе  дар сатҳи баланду хотирмон  баргузор гардида, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи «Истиқлол» хотима ёфт.  Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин аввалин бозии чемпиони феълии мамлакат ва садрнишини ҷадвали Лигаи олӣ пас аз барканории Ҳаким Фузайлов маҳсуб меёбад. Дар дербии Душанбе соҳибони майдон бе мушкилӣ ҳарифони худро дучори шикаст намуданд. Амирбек Ҷӯрабоев дар дақиқаи 28-ум ҳисобро боз кард. Дар поёни нимаи аввал Шериддин Бобоев бо голи задааш дастаҳоро ба танаффус бурд. Ҳамлагар Шаҳром Самиев баъди ба майдон омаданаш дар дақиқаи 79-ум голи сеюмро ба номи худ сабт кард. Ҳамин тавр, дастаи  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  бо касби 25 хол пешсафи  ягона дар ҷадвали мусобиқа шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  баъди чанд рӯзи дигар бозии дигари мавқуфмондаро бо дастаи  «Панҷшер»-и  Ҷалолиддини Балхӣ  барпо хоҳад кард.

Июль 1, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад