ФУТБОЛ: ғолиби мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» муайян гардид
ДУШАНБЕ, 20.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии финалии Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ дар сатҳи баланду хотирмон баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ анҷом ёфт. Ягона голи вохӯриро дар дақиқаи 71-ум Пак Ҳён Ил ба ҳадаф расонид.
Хотиррасон менамоем, ки 4 рӯз пеш ҳам дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои гурӯҳӣ аз ин даста шикаст хӯрда буд. Ҳамин тавр дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ сазовори медали тилло ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон соҳиби нишонҳои нуқраи мусобиқаи мазкур гардиданд. Мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»
Финал
ТОҶИКИСТОН – Кореяи Шимолӣ – 0:1
Гол: Пак Хион Ил 72.
Ёдовар мешавем, ки 15 июли соли равон дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии охири марҳилаи гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» аз дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гашт. Ягона тӯбро дар дақиқаи 33-юми бозӣ Ри Ҷун ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид намуд.
Ҷоми байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»
Бозии 3-юм
Кореяи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН – 1:0
Гол: Ри Хёнг Чжин, 33.
Бояд зикр кард, ки 7 июли соли 2019 , дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон бозии даври якуми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои мунтахаби футболи Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Хотиррасон менамоем, ки дар ин вохӯрии ҷолиб ҳарду голи дастаи мунтахаби Ҳиндустонро Сунил Четри дар дақиқаҳои 4-ум (аз пеналти) ва 41-ум ба ҳадаф расонид. Шогирдони Усмон Тошев дар қисми дуюми бозӣ пурра ба хатти ҳамла гузашта, дарвозабони дастаи мунтахаби Ҳиндустонро маҷбур намуданд, ки чор бор тӯбро аз дарвозааш берун орад. Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Турсунов, Шериддин Бобоев, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд.
Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»
Даври 1-ум
Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН – 2:4
Голҳо: Сунил Четри, 4 — пеналти (1:0). Сунил Четри, 41 (2:0). Комрон Турсунов, 56 (2:1). Шериддин Бобоев, 59 (2:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 71 (2:3). Шаҳром Самиев, 77 (2:4).
Бояд гуфт, ки 10 июли соли 2019 бозии даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» байни дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сатҳи баланду хотирмон доир шуда, бо ҳисоби 2:0 бар нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Дар ин дидори ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Комрон Турсунов ва Илҳом Баротов ба ҳадаф расонида, пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро таъмин намуданд.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон бозии дуюми Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»-ро низ бо пирӯзӣ анҷом дод. Иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба даври дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шумор меравад.
Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019»
Даври 2-юм
ТОҶИКИСТОН – Сурия – 2:0
Голҳо: Комрон Турсунов, 46 (1:0). Илҳом Баротов, 67 (2:0).
Мавриди зикр аст, ки Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи миллии мамлакат дар вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия беҳтарин бозингар интихоб гардид. Маҳорати дарвозабони ҷавони дастаи мо сабаби он шуд, ки бозӣ бе сар додани гол ҷамъбаст шавад. Ӯ дар чанд маврид бо сейвҳои бозингарони Сурия дарвозаро аз гол эмин нигоҳ дошт. Рустам баъди бозӣ аз ҷониби масъулини мусобиқа бо 2500 доллари ИМА қадрдонӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал низ маблағи пулӣ барои беҳтарин футболбоз насиби узви дастаи мо Муҳаммадҷон Раҳимов гардида буд. Ҳамин тавр дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ сазовори медали тилло ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон бошад, соҳиби нишонҳои нуқраи ин мусобиқаи мазкур гардиданд.








DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад






