Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 26.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи 26 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд роҳбарият ва сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Бояд таъкид намуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз шаҳри Исфара боздид ба амал оварда, бо вазъи зиндагии сокинони шаҳр ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ аз наздик шинос хоҳанд шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






