Иззатулло Саидзода: «Шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои асосие, ки дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ шудаанд, бархурдоранд»

Июль 22, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бояд гуфт, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамасола барнома ва санадҳо барои солҳои тӯлонӣ омода ва таҳия мегарданд. «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» таҳия гаштааст, ки  аз ҷумлаи онҳост. Ин санад тамоми субъектҳоро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ  зарур шуморидааст.

Ин нуктаро директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода имрӯз  зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.

Ба таъкиди мавсуф, бо ин мақсад як гурӯҳ кормандон ва роҳбарияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ, ноҳияҳои Носири Хисрав, Шаҳритус, Балҷувон, Ёвон, А. Ҷомӣ, Варзоб, Айнӣ, Рашт ва Ишкошим сафар намуда, доир ба фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои судманд барпо намуданд. «Тавре мо зимни вохӯриҳо мушоҳида намудем, шаҳрвандони ин минтақаҳо аллакай аз он ҳуқуқу уҳдадориҳои асосие, ки  дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ шудаанд, бархурдор ҳастанд. Лекин новобаста аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва шахсони мансабдор санаду барномаҳо қабул намудааст, ки ин амал қобили дастгирист.

Ҳамчунин Иззатулло Саидзода зимни нишаст иттилоъ дод, ки дар робита ба самти фаъолият оид ба мутобиқгардонии қонунгузории муқовимат бо коррупсия ва мурофиавии ҷиноятӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилаии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ гурӯҳҳои кории байниидоравӣ таъсис дода шуданд. Дар натиҷаи омӯзиш Тавсияҳо оид ба такмили муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» омода гардиданд, ки 29 таклифро дар бар мегиранд.

Июль 22, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд