КВД «Тоҷиксуғурта» аз рӯи воридоти ҳаққи суғуртавӣ дар ҷои дуюм ва аз рӯи пардохти маблағи товони зарар дар ҷои аввал қарор дорад
ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз шиддат гирифтани рақобат дар бозори суғуртаи мамлакат КВД «Тоҷиксуғурта» дар он мавқеи назаррас ва устувор пайдо намуда, аз рӯи воридоти ҳаққи суғуртавӣ дар ҷои дуюм ва аз рӯи пардохти маблағи товони зарар дар ҷои аввал қарор дорад. Ин матлабро Директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода баён намуд.
Ба зикри номбурда, дар шашмоҳаи аввали соли равон КВД «Тоҷиксуғурта» бо 360 ҳазору 692 шахсони воқеию ҳуқуқӣ шартномаҳои суғуртавӣ ба имзо расонидааст, ки аз он 28 ҳазору 315 адад шартномаи суғуртаи ҳатмӣ ва 332 ҳазору 377 адад шартномаи шакли ихтиёрӣ мебошанд. Шумораи бештари шартномаҳо, ки 93 ҳазору 210 ададро ташкил медиҳанд, дар вилояти Хатлон ба имзо расонида шудаанд.
Зикр гардид, ки КВД «Тоҷиксуғурта» дорои 69 филиал дар вилояту минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, аз рӯи 22 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст. Аз ин шумора 13 намуди он ба суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуди он ба суғуртаи ихтиёрӣ тааллуқ дорад.
Ҳамчунин ба суоли хабарнигорон дар хусуси маҷбур кардани шаҳрвандон барои суғуртаи манзил иброз гардид, ки суғуртаи манзил ихтиёрӣ буда, касе ҳаққи маҷбур кардани шаҳрвандонро барои он надорад.
«Хона ба хона гашта, талаби суғуртаи манзил намудан аз ҷониби кормандони КВД «Тоҷиксуғурта» набуда, ба он кормандони ширкатҳои хусусии суғуртавӣ шомиланд. Бояд гуфт, ки суғуртаи манзил ихтиёрӣ асту дар сурати суғурта намудани шаҳрвандон ба маблағи 20 сомонӣ, ҳангоми сӯхтори манзил аз ҷониби корхонаи мо 1000 сомонӣ товони зарар пардохт карда мешавад»,-афзуд Шуҳрат Мақсудзода.
Ёдовар мешавем, ки суғуртаҳои ҳатмӣ дар асоси қарорҳои алоҳидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
Ба ин намуд суғуртаи ҳатмии давлатии шахсии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ, суғуртаи ҳатмии давлатии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт, суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни давлатӣ, суғуртаи ҳатмии мусофирони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан, суғуртаи ҳатмии иморатҳо, иншоот ва амволи корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ аз сӯхтор ва ғайра дохил мешаванд.








Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд






