МАРҲАБО БА «БОҒИ ИРАМ»! Пагоҳ дар ин ҷо ҳунари кулолгарон, чӯбтарошон ва сабадбофон ба намоиш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 27.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 28 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Озмуни «Кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ» баргузор мегардад.
Озмуни мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо мақсади рушди ҳунарҳои кулолгарӣ, чӯбтарошию сабадбофӣ ҳамчун ҳунарҳои аҷдодӣ ва ташвиқу тарғиб намудани таҷрибаи пешрафтаи ҳунармандон дар маҳаллаву деҳа, деҳоту шаҳрак, ноҳия, шаҳру вилоятҳо ва дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил карда мешавад.
Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни бо мақсади иҷрои банди 26 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.
«Ҳадафҳои асосии озмун тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунарҳои кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ, тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои ин ҳунари аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати устоҳо ва муаррифии намудҳои гуногуни маҳсули ин ҳунар мебошад»,- афзуд манбаъ.
Озмуни дар се давр — ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, барои сарфароз гардонидани ғолибони он, шахсони ташаббускор ва роҳбарони фаъоли ташкилоту муассисаҳо шакл ва намуди мукофотҳо — «Диплом»-и дараҷаи 1, 2 ва 3, «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳо муайян карда шудааст.
Ҳамзамон, шахсони ташаббускор ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки дар ин озмун фаъолона иштирок мекунанд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.










Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд






