Мавлуда Қаландарзода: «Суди Олии иқтисодӣ барои баланд бардоштани касбият ва дониши ҳуқуқии судяҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд»
ДУШАНБЕ, 24.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба судҳои иқтисодии мамлакат дар ин давра беш аз 1800 аризаҳои даъвогӣ ва шикояту дархостҳо ворид гардидаанд, ки аз он зиёда аз 1100 парванда моҳиятан бо баровардани санадҳои судӣ дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ карда шудааст. Ин матлабро раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма 24 июл дар Душанбе изҳор намуд.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Суди Олии иқтисодии мамлакат зикр гардид, ки дар ин давра истеҳсолот доир ба 66 парванда қатъ карда шуда, беш аз 70 ариза бебаррасӣ мононда, 2 парванда аз рӯи тобеият ирсол карда шудааст. Инчунин қабули 7 ариза рад ва беш аз 300 ариза бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд. Дар ин давра шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда беш аз 1600 ададро ташкил намуд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102 адад зиёд аст.
Доир ба рӯёнидани зарар ва маблағҳое, ки аз муносибатҳои қарзӣ бармеоянд, дар судҳои иқтисодӣ соли равон талабот нисбат ба 99 461 537 сомонӣ қонеъ гардида, ба маблағи 1 925 416 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст.
Зикр гардид, ки мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо ва ҷорӣ намудани татбиқи дурусту якхелаи қонунгузорӣ самти муҳими фаъолияти суди болоӣ буда, аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ мунтазам сабабҳои бекоршавии қарорҳои судӣ таҳлил ва дар ин замина ба нақшаи машғулияти омӯзишии судяҳо мавзӯъҳои зарурӣ ворид ва судяҳо баҳри таҷрибаомӯзӣ ба суди болоӣ ҷалб карда мешаванд.
Инчунин охири ҳар моҳ машғулияти семинарӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, дониши ҳуқуқӣ, одобу муоширати касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо баргузор гардида, камбудиҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта, сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор мегиранд. Таъкид шуд, ки диққати судяҳо ба риояи дақиқи меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ва таъмини баррасии саривақтии парвандаҳо ҷалб карда шуданд.
Бо дахли баланд бардоштани сатҳи тахассусии судяҳои судҳои иқтисодии мамлакат Мавлуда Қаландарзода гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо соли равон нуҳ нафар судяҳои судҳои иқтисодӣ доир ба мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.
Инчунин бо мақсади таҳияи санадҳои судии асосноку қонунӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи дурусту ягонаи судӣ китоби «Намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиавии иқтисодӣ», ки аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ омода карда шудааст, ба чоп расида, барои истифода ба судяҳо ва кормандони дастгоҳ дастрас гардидааст.
Ҳамзамон лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодӣ «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва дигар лоиҳаҳо марбут ба такмили Қарорҳои Пленум омода ва барои мувофиқа ба мақомоти давлатӣ равон карда шуданд.








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






