Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари ҷавону умедбахш, узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба таэквондои ҷаҳонӣ миёни ҷавонон Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ,Чемпионати Осиё оид ба таэквондои ҷаҳонӣ (WTF) миёни ҷавонон 21-22 июл дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон баргузор шуд. Дар чемпионат 331 нафар варзишгар аз 31 давлат иштирок карда, дар 20 категорияи вазнӣ (10 вазн миёни мардон, 10 вазн миёни бонувон) рақобат намуданд. Муҳаммадҳасан дар вазни -73 кг бар варзишгарони Кувайт (Абдулмуҳсин Алалӣ) ва Афғонистон (Рашид Сарварӣ) ғалаба кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Эрон Амирҳусейн Баҳрободӣ, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хӯрда, ҷои сеюмро ишғол намуд. Медали нуқраи вазни -73кг-ро Си-Вон Лӣ аз Корея ва медали дигари биринҷиро варзишгари қазоқистонӣ Абдураҳмон Марипов ба даст оварданд.
Ба иттилои раиси Федератсияи таэквондои Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, ин аввалин медали варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон мебошад. Ду варзишгари дигари мо – Лутфулло Алишон (-68кг) ва Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-55кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.
Бояд гуфт, ки варзишгарон аз ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба Урдун сафарбар гардиданд. Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов, ки чанде пеш дар Корея дар Мусобиқаи байналмилалии таэквондо «Chuncheon Korea Open G-2» медали тилло ба даст оварда буд, шогирди Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквондо буда, таҳти роҳбарии мураббиён Исломиддин Фозилов ва Сафарбек Тошматов тамрин мекунад.
Дар мусобиқа варзишгарони Эрон бо ба даст овардани 10 медали тилло, 6 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол намуданд. Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 3 медали тилло, 4 нуқра, 7 биринҷӣ дар ҷои дуюм, дастаи мунтахаби Чин бо гирифтани 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷои сеюм мавқеъ ёфтанд.
Дар маҷмӯъ, варзишгарони 16 давлат медалҳои чемпионатро ба даст оварданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






