Муҳаммадҷон Салимзода: «Дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 620 ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуданд»

Июль 25, 2019 13:55

ДУШАНБЕ, 25.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 624 ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии хисороти ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат расида зиёда аз 28 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зикр гардид, ки аз ин шумора дар 40 маврид зарари моддиву маънавӣ расидааст.

«Дар ин давра ҳангоми гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ аз ҷониби кормандони Кумита ҳаёти 70 нафар шаҳрвандон наҷот дода шуд», — афзуд номбурда.

Муҳаммадҷон Салимзода иброз дошт, ки корҳои наҷотдиҳӣ аз зери тарма, садамаҳои нақлиётӣ, сӯхтор, корҳои рӯиобӣ ва зериобӣ ва амалиёти гуногун анҷом пазируфта, ҳангоми бартарафкунии оқибатҳои тарма, дар шоҳроҳҳои «Душанбе-Хуҷанд» ва «Душанбе — Хоруғ» зиёда аз 320 нафар мусофирону ронандагони воситаҳои нақлиёт кӯчонида шуданд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 135 хонаи истиқоматӣ зарар диданд.

«Ба хонаводаҳои зарардидаи ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Вахш, Хуросони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд кумакҳо дар шакли маводи сохтмон, ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштиву хоҷагӣ расонида шуданд», — изҳор намуд муовини раиси Кумита.

Ёдовар мешавем, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ташкил ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ба шумор меравад.

Июль 25, 2019 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд