Муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе

Июль 11, 2019 18:01

ДУШАНБЕ, 11.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 11 июл дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар давоми ду сол сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз ҳазор нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.

Як гуруҳ соҳибкорони бонангу номуси кишвар иқдом гирифтанд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон, дар доираи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба хотири мусоидат кардан ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва тарҳи миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ бунёд намоянд.

Ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардид, бо дарназардошти талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 3, 4 ва 5 ситорадор сохта мешаванд.

Меҳмонхонаҳои бунёдшаванда баландошёна буда, аз ҳуҷраҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат мебошанд ва бо инфрасохтори зарурӣ, аз қабили марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, тиббӣ, ҳаммом, толори синамо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷҷаҳаз мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тайи солҳои охир симои пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он ба ифтихори ҷашну идҳои миллию давлатӣ, аз қабили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст.

Мувофиқи иттилоъи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

Баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи 9 меҳмонхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоиста ва сазовори сокинони пойтахт, соҳибкорони ватандӯст баҳри ободонии пойтахти кишвар баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, нақшу нигори миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот, истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, аз қабили сангҳои ороишӣ, аз ҳозир тайёр кардани кадрҳои болаёқати хизматрасон, таъсиси гушаҳои фуруши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва дигар корҳои ободонӣ ҳидоят карданд.

Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин васила мо метавонем, бори дигар фарҳанги баланди тамаддунофарии миллатамон, неъматҳои моддӣ ва маънавии сарзамини аҷдодиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Муаррифии лоиҳаи бунёди 9 меҳмонхонаи нав дар шаҳри Душанбе 11.07.2019

Июль 11, 2019 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд