Наим Набизода: «Ҳолати популятсияи намудҳои асосии ҳайвоноти ваҳшӣ мӯьтадил буда, саршумор дар ҳоли афзоиш аст»

Июль 23, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 23.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи нақшаи корӣ, Агентии хоҷагии ҷангал дар якҷоягӣ бо мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳҳои феврал- марти соли равон дар мавзеъҳои асосии ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал ва шикоргоҳҳои хоҷагиҳои шикорӣ маъракаи баҳисобгирии ҳайвоноти ваҳшӣ  гузаронид. Аз натиҷаи таҳлил муайян гардид, ки  ҳолати популятсияи намудҳои асосии ҳайвоноти ваҳшӣ, махсусан  сумдорон мӯьтадил буда, саршуморашон дар ҳоли афзоиш аст. Ин нуктаро муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим НАБИЗОДА    зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Бино ба зикри номбурда, ҷиҳати мубориза бар зидди хукҳои ваҳшӣ ва гург, ки ба соҳаи хоҷагии халқ дар навоҳии кӯҳистон зарар мерасонанд, тибқи тартиботи муқарраргардида барои шикор кардан роҳхатҳои шикорӣ муайян карда шуд. Ҳоло  маблағи аз ҳисоби истифодаи захираҳои шикор ба дастомада  41 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.

-Баҳри  пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар самти шикор дар ҳудуди хоҷагиҳои ҷангал пайваста амалиёт гузаронида мешавад.  То  имрӯз 65 ҳолати қонунвайронкуниҳои шикор ошкор  гардида, маблағи ҷарима ва зарари ба фонди шикор расонидашуда пурра барқарор карда шудааст, — гуфт Наим Набизода.

Июль 23, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад