Нуъмон Абдуғаффорзода: Соли равон беш аз ним миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд

Июль 26, 2019 16:05

ДУШАНБЕ,  26.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Соли равон аз Тоҷикистон беш аз 550 ҳазор нафар  сайёҳи хориҷӣ боздид намуда, танҳо дар  баҳори Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯз  зиёда аз 60 ҳазор нафар сайёҳон  ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон ва фарҳанги пурғановати  мардуми тоҷик  шинос гардиданд. Ин матлабро зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма  Раиси Кумитаи  рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода баён дошт.

Мавсуф афзуд, ки ҳамзамон дар ин давра  дар мамлакат 26 ширкати нави сайёҳӣ  вориди бозори туристии Тоҷикистон гардиданд, ки дар маҷмӯъ теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ дар мамлакат ба 180 адад расид. Аз ҷумла, алҳол дар Душанбе 90, Суғду Бадахшон мутаносибан 33 ширкати сайёҳӣ ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 10 ширкати сайёҳӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Нӯъмон Абдуғаффорзода ҳамзамон зикр кард, ки  соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар радифи дигар қонунҳои аз ҷониби Парлумони мамлакат қабул гардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  ҳунармандӣ»-ро  ба имзо расониданд. Он  заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи  рушди ҳунармандӣ  буда, имкон медиҳад, ки  тадбирҳо ва барномаҳои нави соҳавӣ  барои рушди ҳунармандӣ  роҳандозӣ карда шаванд.

Тибқи қонуни мазкур,  масъалаҳои  зиёди соҳаи  ҳунармандӣ ҳал гардида, мақоми ваколатдори соҳа  муайян карда мешавад ва Шӯрои  ҳамоҳангсозии соҳаи ҳунармандӣ  таъсис дода мешавад.

 

Июль 26, 2019 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд