Нуъмон Абдуғаффорзода: Соли равон беш аз ним миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд
ДУШАНБЕ, 26.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Соли равон аз Тоҷикистон беш аз 550 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ боздид намуда, танҳо дар баҳори Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯз зиёда аз 60 ҳазор нафар сайёҳон ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон ва фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик шинос гардиданд. Ин матлабро зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода баён дошт.
Мавсуф афзуд, ки ҳамзамон дар ин давра дар мамлакат 26 ширкати нави сайёҳӣ вориди бозори туристии Тоҷикистон гардиданд, ки дар маҷмӯъ теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ дар мамлакат ба 180 адад расид. Аз ҷумла, алҳол дар Душанбе 90, Суғду Бадахшон мутаносибан 33 ширкати сайёҳӣ ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 10 ширкати сайёҳӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Нӯъмон Абдуғаффорзода ҳамзамон зикр кард, ки соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар қонунҳои аз ҷониби Парлумони мамлакат қабул гардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ»-ро ба имзо расониданд. Он заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи рушди ҳунармандӣ буда, имкон медиҳад, ки тадбирҳо ва барномаҳои нави соҳавӣ барои рушди ҳунармандӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Тибқи қонуни мазкур, масъалаҳои зиёди соҳаи ҳунармандӣ ҳал гардида, мақоми ваколатдори соҳа муайян карда мешавад ва Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи ҳунармандӣ таъсис дода мешавад.









Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
Имконоти зеҳни сунъӣ ва гидроэнергияи «сабз»-и Тоҷикистон ба «Goldman Sachs» муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Паём – санади муҳими сарнавиштсоз ва роҳнамо барои рушди устувори Тоҷикистон
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд






