ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад

Июль 3, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 03.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво  паст фаромада, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад.   Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  шарқи вилоят ҳавои  бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1+6 ва  рӯзона 14+19 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд.    Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо  суръати 3-8  ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати  17-22 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва   рӯзона    16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Чангу  ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+25 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо бо  шиддати то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш шуда, раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо  шиддати то 10-15 метр дар як сония   мевазад. Чангу  ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Июль 3, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад