Олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон аз рўйи таҳқиқоти 98 мавзӯъ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд

Июль 3, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 03.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2019 олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқотро аз рўйи 98 мавзӯъ, аз ҷумла 57 мавзўи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 23 мавзўи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 18 мавзўи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дар ин бора имрӯз президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронӣ дар маҷлиси умумӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ибрози андеша намуд. 

Академик Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи олимони соҳаи физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, ҳамчунин соҳаҳои биологӣ ва тиббии Академияи илмҳо ба таҳқиқу омўзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рўйи самтҳои афзалиятноки  барои ҷумҳурӣ муҳим, мисли рушди гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об, истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи эко­логӣ тозаи барқароршавандаи энергия, коркарди технологияҳои нав, мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгўӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншооти гидротехникӣ, мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист, таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон равона карда шуд.

Олимони соҳаи таърих, забон, адабиёт ва иқтисод ва монанди инҳо таҳияи асари сеҷилдаи «Таърихи Тоҷикистон. Замони истиқлол», омода намудани харитаи бостоншиносии ноҳияҳои  Ҷалолиддини Балхӣ, таҳлили натиҷаи тадқиқоти ёдгориҳои ноҳияҳои Темурмалик,  Муъминобод, Айнӣ, Рашт, Шаҳритус, Фархор, омодагӣ ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ва ғайра, таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷик аз асрҳои миёна то асри ХХI, роҳҳои инкишофи ҷаҳонбинии фалсафӣ ва тафаккури фалсафиву мантиқӣ ва эҷодӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, омўзиши масъалаҳои амнияти миллӣ дар ҷомеаи муосир, пайдоиш ва иншикофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар  минтақаи Осиёи Марказӣ, фолклори тоҷикони дарунмарзӣ ва бурунмарзӣ, таърихи пайдоиш ва таҳаввули забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикӣ, таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилдҳои 2,3,4), «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ» (ҷилди дуюм), таҳияи Консепсияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои иқтисодӣ — демографии оила ва ташаккули сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавиро идома доданд.

Инчунин дар ҷаласа роҳбарони муассисаҳои АИ ҶТ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2019 ҳисобот доданд.

Дар охири ҷаласа як гурӯҳ кормандони Академияи илмҳо барои саҳм гузоштан дар рушди илми ватанӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Июль 3, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад