ПЕШНИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВЕНА ДАСТГИРӢ ЁФТ. Пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводи мухаддири Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 14.07.2019./АМИТ «Ховар»/. 10 июл дар Вена таҳти раёсти Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) баргузор гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин ҳамоиш масъалаи ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ миёни Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва САҲА дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ки бо даъвати раёсати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур ба сифати суханварони калидӣ Дабири кулли СҲШ Владимир Норов, Намояндаи махсуси ИА оид ба Осиёи Марказӣ Петер Буриан ва Дабири кулли САҲА Томас Гремингер иштирок намуданд.
Норов оид ба ҳамкориҳои кишварҳои узви ин Созмон дар соҳаи амният ва мубориза бо «се нерӯи шар» – терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ҳанӯз аз оғози фаъолияташ СҲШ муваззаф шуда буд, ки дар таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим дошта бошад.
Норов таъкид кард, ки дар ростои андешидани чораҳои лозим дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои марбут ба маводди мухаддир, сарони кишварҳои узви СҲШ зарур медонанд, ки пешнависи Консепсияи бунёди Маркази зидди маводди мухаддири СҲШ дар Душанбе таҳия гардад.
Намояндаи махсуси ИА П.Буриан аз тамоюли рушди ҳамкориҳо миёни ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои ахир изҳори қаноатмандӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳайатҳоро ба муқаррароти Стратегияи нави ИА дар Осиёи Марказӣ, ки 17 июни 2019 қабул гардида буд ва ҳамзамон натиҷаҳои 15-умин нишасти солонаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 7 июли соли равон дар Бишкек баргузор гардид, ҷалб кард.
Дабири кулли САҲА Т. Гремингер тазаккур дод, ки фазои мусоиди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ, ки чанд соли ахир ба мушоҳида мерасад, шароитро барои таъмини рушди муштараки кишварҳо, аз ҷумла бо ҷалби имкониятҳои созмонҳои минтақавӣ фароҳам сохтааст.
Ӯ ба раёсати Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани мавзӯи ҳамгироӣ миёни созмонҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба барномаи FSC изҳори сипос кард.
Ёдрас мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июн дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек пешниҳод карда буданд, ки дар доираи СҲШ созмони алоҳидае барои мубориза алайҳи гардиши маводи мухадир таъсис дода шавад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таъсиси сохтори алоҳида, мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддирро самаранок хоҳад кард.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






