Суҳроб Мирзозода: «Вазорати нақлиёт 460 ҳолати риоя накардани қоидаҳои кашонидани борҳои гаронвазн бо нақлиёти боркашро ошкор намуд»
ДУШАНБЕ, 17.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа 460 ҳолати риоя накардани қоидаҳои кашонидани борҳои гаронвазн бо нақлиёти боркаш ошкор гардид. Вайронкунандагони қонун ба маблағи 1 265 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби масъулини Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба миқдори 313 тонна бори аз меъёр зиёд аз воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳои боркашонӣ фароварда шуд, ки аз ин 152 тонна танҳо ба моҳи июни соли равон рост меояд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазир Суҳроб Мирзозода баён дошт.
Дар нишасти мазкур Суҳроб Мирзозода зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои мамлакат 10 майи соли равон аз вазъи роҳҳо, ки бинобар гузариши мошинҳои гаронвазн бармаҳал вайрон мешаванд, изҳори нигаронӣ карданд. Номбурда иттилоъ дод, ки баъд аз эродҳои Сарвари давлат барои ислоҳи камбудӣ дар вазорат ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовара бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук, Бозрасии давлатии автомобилӣ баргузор гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар нишаст таъкид гардид, ки бо мақсади истифодаи самараноки роҳу иншооти роҳдорӣ ва пешгирии вайроншавии бармаҳали онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёри муқарраргардида зиёданд» ва ғайра қабул шудааст, вале муқаррароти онҳо аз ҷониби интиқолдиҳандагон ва мақомоти назоратӣ ба таври зарурӣ риоя намегардад.
Бо ин мақад аз ҷониби зерсохторҳои марбутаи вазорат ба тамоми интиқолидиҳандагони бор ва ронандагони нақлиёти боркаши ҷумҳурӣ ва дигар масъулини соҳа огоҳнома ирсол гардидааст.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои мошингарди Кангурт –Балҷувон, марҳилаи аввали роҳи Душанбе –Бохтар ва дигар роҳҳову пулҳои мошингарди шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор мегиранд.








Бонки миллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад






