«УФУҚҲОИ ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон намоиши асарҳои аксбардори маъруф Заур Дахте доир мегардад

Июль 3, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 03.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахтеро бо унвони «Уфуқҳои дӯстӣ» роҳандозӣ менамояд. Намоиши мазкур, ки  ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад, 6 июли соли равон, соати 11:00 ифтитоҳ мегардад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки Заур Дахте яке аз наворбардоронии маъруф, суратгири мусаввир, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ, Лауреати кинофестивалҳои байналмилалӣ мебошад. Ӯ соли 1936 дар Доғистон таваллуд шуда, тўли беш аз 60 сол аст, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

Номбурда солҳои 1955-1958 дар Хонаи байналмилалии бачаҳои шаҳри Иваново таҳсил карда, баъдан ба киностудияи «Тоҷикфилм» омад. Дертар ба Донишгоҳи кинематография (ВГИК) дохил шуда, ҳанўз дар курси сеюм ҳамчун наворбардори касбии «Тоҷикфилм» шинохта шуд.

Ҳунари Заур Дахтеро баъди филми кўтоҳметражи ҳунарии «Лоле» эътироф карданд ва ў филми пурраметражи «Вохўрӣ дар назди масҷиди кўҳна»-ро (1968) ба навор гирифт. Сипас силсилафилмҳои «Чор нафар аз Чорсанг» (ду серия, коргардон М.Қосимова), «Паланг зарур аст» (коргардон Б.Арабов), «Шераки ҷасур» (коргардон М.Маҳмудов) ва чандеи дигар рўи кор омаданд.

Ҳамкории ў бо коргардони маъруф Борис Кимёгаров дар эҷодиёташ мақоми хос дорад. Беҳтарин филмҳои «Тоҷикфилм»: «Одам пўсташро иваз мекунад», «Рустам ва Сўҳроб» на танҳо дар СССР, балки хориҷ аз он тамошобини бешумор доштанд. Дар маъруфияти онҳо нақши филмбардор Заур Дахте хеле бузург аст.

Заур Дахте дар таҳияи зиёда аз 600 филм ширкат кардааст. Ду филми ҷолиби ў ба маликаи балети тоҷику шўравӣ Малика Собирова бахшида шудаанд. Филми «Малика» сазовори Ҷоизаи Кинофестивали ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ шуда буд. Баъди вафоти балерина Заур Дахте соли 1982 филми «Маликаи мо»-ро сохт.

Солҳои 70-80 асри гузашта борҳо амалиёти ҷанги Афғонистонро наворгирӣ кард ва сужаҳои зиёде дар бораи археологҳо ва бозёфтҳои онҳо, аз қабили муҷассамаи Буддо инъикоскунандаи воқеаҳои таърихӣ мебошанд.

Ҷасорату мардонагии Заур баъди бо парашют ҷаҳидан ва наворбардорӣ оид ба чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон Ю.Баранов барои филми «Бошандаи осмон» то ба имрўз вирди забонҳост. Барои ин филм дар Кинофестивали байналмилалии Каунас ба ў Ҷоизаи аввал эҳдо гардид.

Филмҳои олии Заур Дахте аз сарнавишту саргузашти шуарои бузурги форсу тоҷик: Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллоии кинои  миллӣ ворид шудаанд.

Завқи эҷодии Заур гуногунҷабҳа аст, вале суратгирӣ яке аз шуғлҳои деринаи ў буда, тайи 20 соли охир он дар фаъолияти эҷодиаш хеле мукаммал зуҳур кардааст. Тамоми аксҳои гирифтааш саршори рангҳову гармӣ аст. Онҳоро метавон беохир тамошо кард. Дар сукунати он аксҳо эҳсосу андешаҳо амиқ инъикос гардидаанд. Сукунате дар ҳаракат… Ин қонунист, вақте ки суратро наворбардори кино мегирад. Наворбардори одӣ не, балки яке аз беҳтаринҳо дар кинои тоҷик …

Аввалин намоиши аксҳои гирифтаи Заур Рустамович Дахте соли 2003 дар Душанбе доир гашта буд. Баъдтар намоишҳои инфиродиаш дар Чин, Ҳиндустон, Япония, Россия, ИМА, Франсия, Эрон, Германия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Беларус, Ўзбекистон ва Қирғизистон баргузор шудаанд.

Июль 3, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ КИТОБ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад
Дар Душанбе намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашр баргузор мегардад
Мутахассисони тоҷику хориҷӣ дар пиряхи Якарча таҳқиқоти маҷмуии илмӣ гузарониданд
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ нахустин ҳамоиши минтақавӣ доир шуд
Зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти амиқ ба вуҷуд овардааст
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» оғоз гардид
Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Ба беш аз 57 ҳазор оилаи шаҳри Ваҳдат «Шоҳнома» тақдим мегардад
ИЛМ ДАР БАЛАНДИИ ЗИЁДА АЗ 5000 МЕТР. Дар калонтарин пиряхи Тоҷикистон — Ванҷях таҳқиқоти илмӣ гузаронида шуд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Шинҷони Чин ҳамкориро тақвият медиҳад
Ёдгориҳои нодири тамаддуни тоҷикон дар Осорхонаи миллии Чин ба намоиш гузошта шуданд
Аз ҷониби нашриёти «Адиб» чор китоб ба нашр расид