Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доранд
ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Тоҷик Эйр» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Маркази тадқиқоти стратегӣ соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ меорояд.
Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг соати 10:00 дар Вазорати фарҳанг доир мешавад.
Агентии авиатсияи гражданӣ дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия»,ҶСК «Тоҷик Эйр»,ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ меороянд.
Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо намояндагони ВАО соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 16:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишаст мегузаронад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






