Вазорати корҳои дохилӣ: гумонбари оташ задани духтарчаи 6-сола муайян гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ноболиғ Очилдиев Сунатуллои 13-сола, сокини деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар оташ задани Осияи 6-сола нақши асосӣ доштааст. Ин матлаб дар иттилоияи сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст.
Тавре қаблан хабар дода будем, 19 июни соли равон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ноболиғ Осия Зулфоноваи 6-сола бо ҷароҳатҳои сӯхтаи бадан дар Беморхонаи шаҳрии №3 бистарӣ гардид.
Чанде пеш барои табобати ӯ зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Германия профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (комбусталогия), ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ба Тоҷикистон омад.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат, муайян карда шуд, ки ноболиғ Очилдиев Сунатулло дар оташ задани Осияи 6-сола нақши асосӣ доштааст ва номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст.
Дар айни замон ноболиғ Очилдиев Сунатулло, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад ва сагҳои ӯ безарар гардонида шуданд.
Ҳодисаи мазкур дар Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дорад.








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






