ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе беморхонаи сироятии кӯдакона ба истифода дода мешавад

Август 19, 2019 14:07

ДУШАНБЕ, 19.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар 3 соли оянда дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе 22 муассисаи тандурустӣ бунёд мешавад, ки аз онҳо сохтмони  9 муассиса  дар қаламрави ноҳияи Фирдавсӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шафати Маҷмааи бузурги тандурустии «Истиқлол» Беморхонаи сироятии кӯдакона қомат меафрозад.

Ба иттилои манбаъ, бинои беморхона аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда,  барои 200 кати хоб пешбинӣ шудааст. Дар беморхона ба ғайр аз ҳуҷраҳои беморон, инчунин ҳуҷраи нигоҳубини беморони вазнин, ҳуҷраи ёрии таъҷилии тиббӣ, ҳуҷраҳо барои духтурон ва ҳамшираҳо ва толори маҷлисгоҳ барои 68 ҷойи нишаст мавҷуданд.

Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони  асосии шаҳри Душанбе буда, пудратчӣ ҶДММ «Ҳамсафар» аст. Масоҳати умумии сохтмон 6146 м2 –ро ташкил дода, барои бунёди он 13 685 700 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар корҳои сохтмонӣ 94 нафар кормандону мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.  Ҳангоми бунёди иншоот масолеҳи сифати баланди истеҳсоли ватанӣ истифода шудааст.

Муҳайё гардидани чунин шароити замонавӣ дар маркази мамлакат  рушди соҳаи тандурустӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии ҷомеаро нишон медиҳад.

 

Август 19, 2019 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд