ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То соли 2021 дар вилояти Хатлон бунёди 510 иншооти марбут ба соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст

Август 30, 2019 11:45

ДУШАНБЕ, 30.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. То соли 2021 дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон сохтмони 510 иншооти марбут ба соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳафт моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 21 адад иншооти соҳаи маориф иборат аз 135 синфхона барои 3 ҳазору 233 ҷойи нишаст дар як баст ва 3 адад муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор дода шуда, то ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор додани 59 адад иншооти дигари  соҳа, ки аз 279 синфхона барои 6696 ҷойи нишаст дар як баст иборат мебошанд, ба нақша гирифта шудаанд.

Айни ҳол корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ дар 189 адад иншооти соҳа зери назорат бомаром ҷараён доранд. Баробари сари вақт ба истифода додани онҳо дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 32 ҳазору 136 ҷойи хониш зиёд мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки соҳаи илму маорифи вилоят дар 44 адад муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, 1342 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 50 адад мактабҳои намуди нав, аз ҷумла 3 мактаби Президентии бачагони болаёқат, 2 мактаби ҷумҳуриявии бачагони болаёқат, 22 литсей ва 23 гимназия, 147 адад муассисаҳои томактабӣ ва 790 адад марказҳои инкишофи кӯдак қариб ба 50 ҳазор нафар олимону устодон, омӯзгорону мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ба таълиму тарбия ва тайёру омодагии касбии зиёда аз 830 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагон ва тарбиягирандагон ғайратмандона машғули фаъолият мебошанд, ки бемуболиға ин қувваи бузурги зеҳнӣ ва ақлонии вилоят аст.

Мусаллам аст, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат ба рушди соҳаи илму маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида,  сол аз сол маблағгузорӣ ба ин соҳа меафзояд. Дар мамлакат садҳо муассисаҳои таълимӣ  бунёд гардидаанд, ки ин раванд ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия  дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, касбӣ ва олӣ  мусоидат менамояд. Аз ин рӯ  дар ҷумҳурӣ бояд мутахассисоне омода гарданд, ки ҷавобгӯи  талаботи бозори меҳнат бошанд. Дар  ин росто низоми соҳаи маорифи мамлакатро бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намуд. Ин дар ҳолест, ки дар Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030  соҳаи маориф яке аз соҳаҳои  афзалиятнок ва калидии рушди устувори  мамлакат арзёбӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар ҳар як шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ муассисаҳои замонавӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ба истифода дода шуда истодаанд, ки далели пешрафти соҳаи маориф мебошад. Масалан, сохтмони муассисаҳои таълимӣ соли равон тибқи маълумоти омории дастрасгардида, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар нимсолаи аввал 25 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 6409 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 89 миллиону 891 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон сохтмони 244 бинои муассисаи таълимӣ барои 70591 ҷойи нишаст идома дошта, аз ин шумора сохтмони 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 12446 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар сохтмони 48 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5659 ҷойи нишаст идома дорад. Соли равон барои соҳаи мазкур 4 миллиарду 404 миллиону 877 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 13% зиёд аст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар як нафар, хусусан наврасону ҷавонон дастгириву ғамхориҳои  Ҳукумати мамлакатро нисбат ба худ эҳсос мекунанд. Ва пайваста ба истифода додани муассисаҳои таҳсилотии замонавӣ,  марказҳои забономӯзиву майдончаҳои варзишӣ далели ин гуфтаҳост.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 

Август 30, 2019 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон муассисаҳои соҳаи маориф бунёд мегарданд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад