Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 22, 2025 09:35

ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро бо 21 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд. 

Иншоот барои тамрин ва бозии дастаҳои футболи ноҳия,  баргузории мусобиқаҳо, тарғиби варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасон ба футбол аз ҷониби “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.

Корҳои сохтмонӣ ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида, бо харҷи  наздики 69 млн. сомонӣ ба итмом расид.

Дарозию паҳноии майдони футбол 105 ба 68 метр буда, дорои чамани табиист. Ин имкон  медиҳад, ки бозигарон дар майдони ба талаботи мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бозӣ ва тамрин намоянд. Атрофи чаман, ки бо роҳрави резинӣ барои дав иҳота гардидааст, барои машқ ва қабули мусобиқаҳои риштаи варзиши сабук пешбинӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо  шароити варзишгоҳ бо ҳайати дастаи футболи “Ҳулбук”, ки ноҳияи Восеъро дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ намояндагӣ менамоянд, суҳбат карда, онҳоро ба дӯст доштани варзиш, рушд додани малакаи касбӣ ва муаррифии арзандаи Ватану миллат ҳидоят намуданд.

Варзишгоҳ дорои 4 минбар барои мухлисон ва 21 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.

Бинои варзишгоҳ аз се ошёна, аз ҷумла аз ҳуҷраҳои  корӣ, ивази либос, ҳаммому дигар  ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Инчунин дар он толорҳои варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири варзишӣ, ҷой барои меҳмонони фахрӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва пешайвон омода гардидааст, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.

Барои таъмини рӯшноӣ дар майдони футбол 4 манораи калони  муосири равшанидиҳанда насб гардидааст. Ин имкон медиҳад, шабона ҳам мусобиқаҳо гузаронда шаванд.

Дар ҳудуди  иншоот ду майдонча барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, таваққуфгоҳ барои  мошинҳо, зеристоҳи барқӣ, чоҳи амудӣ барои бо об таъмин кардани варзишгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шудааст.

Ба истифода додани чунин иншооти муосир дар ноҳия барои рушди варзиш ва ташкили чорабиниҳои мухталифи солимгардонӣ имкониятҳои лозимаро фароҳам меорад.

Ба истифода додани Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ нишона аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳоло дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар вилояти Хатлон сохтмони 130 иншооти дигар идома дорад, ки барои амалисозии ҳадафҳои ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба тарғиби футбол замина мегузорад.

Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ 22.10.2025

Октябрь 22, 2025 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд