Дар шаҳри Хоруғ 13 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд

Октябрь 21, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳри Хоруғ 13 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Бо фаъол гардидани онҳо теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ба 58 адад расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Хоруғ беш аз 45 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  117,1% зиёд мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки  бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 301 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз соли 2022 то нуҳ моҳи соли 2025  273 иншооти хурду бузург ба истифода дода шуд.

Соли равон дар шаҳр 36 иншооти ҳаётан муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки 10 адади он бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд