Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ ба фаъолияти як қатор иншооти таъйиноти гуногун оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Восеъ, ба фаъолияти Марказҳои хизматрасонӣ, забономӯзӣ, толори варзиш, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ ва корхонаи саноатӣ ба таври фосилавӣ оғоз бахшида, барои бунёди дигар иншоот санги асос гузоштанд.
Бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар деҳаи Файзобод, ки фаъолияти он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фосилавӣ оғоз гардид, аз 17 синфхонаи муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Раванди таҳсил аз ҷониби 53 омӯзгори соҳибтахассус дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Иншооти дигари соҳаи маориф – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 мебошад, ки дар деҳаи Селбур сохта шудааст. Тарҳи иншоот муосир буда, дар 17 синфхонаи барҳаво имкони ба таҳсил фаро гирифтани 640 хонанда дар ду баст мавҷуд аст.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Афсона, ки ба фаъолияти он оғоз бахшида шуд, дар деҳаи Восеъобод ҷойгир аст.
Кӯдакистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сабур Зуҳуров таҷдид карда шудааст. Шароити таълиму тарбия дар боғча мутобиқ ба талаботи муосир роҳандозӣ шуда, барои қабули 300 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба шароити фароҳамшуда дар муассиса баҳои баланд дода, ба масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон ва дар замири онҳо бедор сохтани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба расму оинҳои мардумӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Бунёди 3 иншооти соҳаи маориф ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани 1580 хонанда дар ду баст мусоидат менамояд.
Дар деҳаи Кадучии деҳоти Бобошоҳиёни ноҳия Маркази хизматрасонӣ, забономӯзӣ ва толори варзишӣ тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саид Мирзомуродов бунёд шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Дар Маркази хизматрасонӣ, забономӯзӣ ва толори варзишӣ барои 70 кас ҷойи кор муҳайё шуд, ки онҳо метавонанд бо истифода аз шароит ва имконоти мавҷуда фаъолияти худро рушд диҳанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хишти Ҳулбук оғоз бахшиданд. Корхона дар деҳаи Навбаҳори деҳоти Тугарак сохта шудааст.
Масоҳати умумии корхона 10 гектар буда, дар он 50 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд.
Бунёди иншооти мазкур дар ноҳияи Восеъ ба рушди таҳсилот, саноат, варзиш, хизматрасонӣ ва дар маҷмӯъ ба беҳбудии рӯзгори сокинони ноҳия заминаи воқеӣ фароҳам меоваранд.
Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нақшаи шабакаҳои корезии шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ шинос шуданд. Лоиҳа бо мақсади тозакунии обҳои истифодашуда дар се марҳила амалӣ гардида, ба 26 ҳазор аҳолӣ хизмат мерасонад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки барои татбиқи лоиҳа аллакай корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст.
Масоҳати умумии иншоот зиёда аз 12 гектар буда, дар он чанд марҳилаи тозакунии об пешбинӣ шудааст — аз обсофкунии ибтидоӣ то безараргардонии ниҳоӣ.
Ҳаҷми миёнаи коркарди об дар як шабонарӯз 7 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки тамоми обҳои партови маҳаллӣ пурра тоза гарданд. Дар доираи лоиҳа бинои маъмурӣ, лабораторияи назорат, майдонҳои техникии таҷҳизот, инчунин минтақаҳои сабз барои беҳсозии муҳит сохта мешаванд.
Ба иттилои мутахассисон, татбиқи ин лоиҳа на танҳо масъалаи оби партовро ҳал мекунад, балки дар ҳифзи обҳои рӯизаминӣ ва таҳшин нақши муҳим хоҳад дошт.
Иншооти нави поксозии оби партов як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи барномаҳои давлатии ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори минтақа ба ҳисоб рафта, ба беҳтар гардидани сатҳи санитарӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳад кард.









Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагӣ идома доранд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд






