Абдураҳмон Муҳаммад: Муҳимтарин масъалаи ҷомеаи мо — тарбияи фарзандон аст
ДУШАНБЕ, 02.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар он ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Абдураҳмон Муҳаммад, муовини директори Институт, номзади илмҳои филология Азимҷон Раҳмонзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Носир Назарзода ва дигар кормандони Институт иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш Абдураҳмон Муҳаммад зикр намуд, ки касе ҷанги шаҳрвандиро дидааст, медонад, ки ҷанг чӣ пайомадҳо дорад. Насли имрӯза, ки даҳшати он ҷангро надидаанд, аз ин рӯ фаҳмишу хулосабарорӣ барояшон мушкилтар аст.
“Барои пешгирии омилҳои номатлуби дорои хатарҳои террористӣ бояд таваҷҷуҳро нисбат ба тарбия ва омӯзиши фарзандон зиёдтар кунем. Зеро беназорат мондани фарзандон сабаби ба роҳи нодуруст рафтани онҳо мешавад. Ҳамзамон барои рафъи ин мушкилӣ бояд робитаи мактаб бо хонаводаҳо мустаҳкам бошад. Муаллима на факат барои ситонидани пул, балки барои аз ҳолу хондани талаба хабардор шудан бо волидон пайваста дар тамос бошад”.
Дар идомаи суханронии худ Абдураҳмон Муҳаммад гуфт, ки муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаи ҷомеаи мо имрӯз низ, чун дар ҳамаи давру замонҳо, тарбияи фарзандон аст. Вале ин кори саҳл сода нест, кӯшишу заҳмати фаровон ва масъулияти калонро мехоҳад. Фарзанд ниҳоли умри одамизод аст. Ва он ҳамон вақт бор меаварад ва лаззату комгорӣ мебахшад, ки агар волидон чун боғбон пайваста ба нигоҳубини парвариши он машғул бошанд. Боғбон ҳамон вақт аз меҳнати худ қаноатманду розӣ хоҳад шуд, ки агар меваҳои ниҳоли парваридааш хуштаъму болаззат бошанд ва коми дигаронро низ ширин гардонанд.
Муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Азимҷон Раҳмонзода зимни ҳамоиш изҳор намуд, ки “вақтҳои охир масъалаҳои марбут ба ҷавонон дар ҷомеа зиёд шудаанд. Дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бекорӣ ва камбудиҳои дигари ҷавонон ақидаҳои ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоӣ низ мафкураи ҷавонони моро вайрон менамоянд”.
Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Носир Назарзода сабабҳои ба доми ифротгароён афтидани ҷавонони ноогоҳро ба риштаи таҳлил кашид. Ба ақидаи мавсуф, “омилҳои ҷалбшавии сокинон, хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хеле зиёд мебошанд, вале қабл аз ҳама, ин бархурдор набудан аз авзои сиёсии ҷаҳон, ҳис накардани хатари ифротгароӣ, зудбоварӣ, ба доми фиребу амали одамони тасодуфӣ афтидан, соҳиби пули бедарди миён гаштан ва аз ҳама муҳимаш- надоштани илму донишҳои кофии замонавиянд, ки онҳоро ба мушкилиҳои зиёд гирифтор карда, саргардониҳо ба бор меоранд. Дигар сабаби пайвастани ҷавонон ба чунин равияҳо — ин аз назорати волидайн дур мондани фарзандон аст, ки билохира онҳоро ба роҳи хато мебарад”.
Ходими илмии Институт Умед Пудинаев дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки “барои аз ин варта берун шудани ҷавонон ба онҳо бояд талқин намуд, ки рӯзномаву маҷалла ва китоб хонанд, то аз авзои муташанниҷи дунё ва бозиҳои пасипардагӣ бохабар гарданд. Аслан вақте ки падару модар аз китобу нашрияҳои даврӣ истифода намебаранд, пас чӣ гуна фарзандони онҳо рў ба китобу нашрияҳои даврӣ оваранд?!”
Ҳамзамон ба гуфтаи мавсуф, паҳлӯи дигари масъала- ин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва муносибату машварат кардани масъулин, шурўъ аз раисони маҳаллаҳо то роҳбарияти ноҳияҳову вилоятҳо бо ҷавонон бояд бошад. Бояд роҳбарият бо шунидани ҳарфи ҷавонон ва дарди дили онҳо ба онҳо машваратҳои судманд дода, мушкилоташонро ба қадре ҳал намоянд. Дар сурати машварат накардан бо ҷавонон имкон дорад, ки кор бадтар шаваду мушкилот зиёдтар.
Умед ЛОИҚЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






