Ғаниҷон Ғаниев ва дигар ҷоизадорони Чемпионати Осиё ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 01.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони ҷавони шинохтаи тоҷик аз Чемпионати Осиё ва Уқёнус оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон бо 5 медал ба Ватан баргаштанд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулони соҳа, пайвандону наздикон ва ҳаводорони варзиш пешвоз гирифтанд.
Чемпионати Осиё ва Уқёнус оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон 27-30 июли соли равон дар шаҳри Тайпейи Чин баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар миёни наврасон ва 9 нафар миёни ҷавонон дар чемпионати мазкур иштирок карда, ба гирифтани 5 медал — 1 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ даст ёфтанд. Медали тиллоро Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73кг миёни наврасон ба даст овард. Дар ин синн Мансур Раҳмон дар вазни -90кг ва Аҳлия Муъминова дар вазни -52кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд. Ду медали нуқраро Шодмон Ризоев дар вазни -66кг ва Шарифҷон Назриев дар вазни -100кг дар рақобатҳо миёни ҷавонон сазовор гардиданд.
Дар қувваозмоиҳо миёни наврасон 159 нафар варзишгарон аз 17 давлат ва миёни ҷавонон 170 нафар варзишгарон аз 21 давлат ширкат намуданд. Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон миёни наврасон бо 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ ҷои 7-ум, миёни ҷавонон бо 2 медали нуқра ҷои 8-умро ишғол кард.
Зимни суҳбат варзишгарон барои дастгирӣ ба Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш изҳори сипос намуда, гуфтанд, ки акнун ба Чемпионати ҷаҳон омодагӣ мебинанд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон 25-29 сентябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, миёни ҷавонон 16-20 октябр дар Марокаш баргузор мешавад.








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






