Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар ҷумҳурӣ силсилаи барномаҳои фарҳангиву варзишӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 август дар ҷумҳурӣ Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон бо иштироки васеи ҷавонону варзишгарон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ “Ховар” дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, бо ин мақсад имсол аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат як зумра барномаҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо варзишгарон баргузор мешавад.
Ҳамзамон мулоқоти собиқадорони соҳаи варзиш бо варзишгарони шинохтаи тоҷик таҳти унвони «Дидори наслҳо» доир мешавад. Дар доираи баргузории чорабиниҳои мазкур аёдати собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгарони имконияташон маҳдуд ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби Кумита ба онҳо кумакҳои яквақтаина расонида мешаванд.
Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамоиши варзишгарони Тоҷикистон таҳти унвони «Бо Пешвои варзишпарвари худ ифтихор дорем» дар шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳои мамлакат ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин 10 август, соати 6:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо доираи васеи варзишгарон ва мураббиёну алоқамандони соҳа доир карда мешавад.
Дар ин замина, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо мавзеъҳои сайёҳиву таърихии мамлакат сайёҳати варзишгарони тоҷик ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор дар назар дошта шудааст. Дар доираи он барои варзишгарони тоҷик барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагону навозандагони шинохтаи Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, ҳазорон майдончаву варзишгоҳ, маҷмааву макони тамрин ба истифода дода шудаанд.
Бояд зикр кард, ки варзишгарони тоҷик танҳо дар шаш моҳ ба хазинаи варзиши мамлакат 231 медал ворид намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 134 адад зиёд мебошад.








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






