ДАР БАЛАНДИИ АРХУ. Сафирони мамлакатҳои хориҷӣ аз яке аз мавзеъҳои зебои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуданд. Гузориши мусаввари хабарнигорони АМИТ «Ховар»

Август 13, 2019 14:26

ВАҲДАТ, 13.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати  корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 10 августи соли равон  намояндагони 25 сафорат, аз ҷумла сафирони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Қатар, Америка ва Туркманистон, инчунин намояндагони се созмони бонуфузи байналмилалӣ аз Маҷмааи сайёҳии «Арху»-и дараи Ромит ва шароиту имкониятҳои истироҳатгоҳу табиати зебою афсонавии ин мавзеъ дидан намуданд.

Хабарнигорони   АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД ва Тоҳир САИД ҳамроҳи меҳмонон ҳузур доштанд ва чунин гузориш медиҳанд.

Зимни сафар меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии ин минтақа боздид намуданд.  Намояндагони зиёда аз 25 давлати дунё  бо роҳнамоии Вазири корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода  дар ҷараёни саёҳати пиёдагардӣ дар мавзеи Арху бо фаъолияти маҷмаа ва истеҳсоли асал дар  хоҷагии деҳқонии «Баҳриддин» шинос шуданд,  дар сояи дарахтони чормағз ва бошишгоҳи саҳроии  ин хоҷагӣ   истироҳат намуда, аз дастархони пурнозу неъмати тоҷикона истифода намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон  Вираҷ Синх ба хабарнигори АМИТ «Ховар» таассуроташро аз ин сафари ҷолиб чунин баён дошт: «Фаъолияти кориро дар Тоҷикистон нав шурӯъ карда бошам ҳам, табиати нотакрор ва афсонавии  мавзеи Арху ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик ба мо хеле писанд омад. Ман тасмим гирифтам, ки ба наздикӣ ба  ин мавзеъ боз як сафари истироҳатӣ анҷом диҳам».

Сафир зикр намуд, ки «моҳҳои наздик  байни Ҳиндустону Тоҷикистон як хатсайри нав кушода мешавад  ва  мо  метавонем  ки имкониятҳои  сайёҳии Тоҷикистонро дар Ҳиндустон таблиғу ташвиқ намоем. Дар сурати кушода шудани хатсайри Ҳиндустону Тоҷикистон ман боварӣ дорам, ки сайёҳони Ҳиндустон ба воситаи ширкатҳои туристӣ  ба мамлакати офтобии шумо зиёд ташриф оварда, аз мавзеъҳои нотакрори минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон истифода мебаранд ва дӯстию ҳамкорӣ миёни давлатҳои мо  таҳкими бештар пайдо мекунад».

Мавриди зикр аст, ки дараи хушманзараи Ромит яке аз мавзеъҳои нотакрори сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, рӯзҳои  офтобӣ ҳар бинандаро мафтун месозад. Ин аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дараи Ромит минтақаи сайёҳӣ эълон гардида, дар ин асос корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар ин ҷо босуръат идома доранд.

Корҳои сохтмонии Маҷмааи сайёҳии «Арху» соли 2016 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби беҳтарин мутахассисони ватанӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ оғоз гардида,  соли равон маҷмаа бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шуд.

Меҳмонхонаи навбунёди ин маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 500 нафар мавҷуд мебошад, ки дар он тамоми шароити муосир муҳайё гардидааст. 4 ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.

Маҷмааи сайёҳии мазкур дар масофаи 75 километрӣ аз пойтахти мамлакат, дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат  воқеъ гардидааст. Масоҳати умумии маҷмаа 23 гектарро дарбар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва дорои 12 айвонча барои суҳбати истироҳаткунандагон мебошад.

Ҳамзамон ба хотири зебову назаррабо гардидани атрофи ин маҷмааи замонавӣ масоҳати 10 гектар сабзазор гардонида, зиёда аз як миллион гулҳои ҳархелаи доимиву мавсимӣ бо тарҳҳои гуногун шинонида шудаанд. Масоҳати сафолакпӯши ҳудуди маҷмаа 1000 метри мураббаъро дарбар мегирад. Дарахтони мевадиҳандаву ороишии ҳудуди Маҷмааи сайёҳии «Арху», ки иборат аз арча, можжевелник, кипарис, себу нок, олучаву зардолу ва ғайра мебошанд, аз ҳазор адад ҳам зиёданд.

Ба андешаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  шаҳри Ваҳдат Ҳикмат Розиқов, ифтитоҳи ин маҷмааи замонавӣ ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамгардонии имконоти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷӣ таъсири хуб мерасонад.

Арху калимаи суғдӣ буда, баландӣ, баландмавзеъ ё баландмаконро  ифода мекунад. Арху ном гирифтани ин мавзеъ  ба он хотир аст, ки болотар аз он 70 сол пеш деҳае бо ҳамин ном вуҷуд доштааст. Баъдтар сокинони он   дар қисмати ҳамвории шаҳри Ваҳдат  маскан гирифта, зиндагӣ ихтиёр намудаанд.

Мавзеи мазкур дар баландии 1900 метр аз сатҳи баҳр  ҷой гирифтааст. Дар ин мавзеъ дарёе бо номи Рӯди пок  ҷорист, ки обаш ба таври ҳамешагӣ софу зулол мебошад. Дарёи мазкур аз чашмаҳо  ва пиряхҳо  маншаъ мегирад. Ин минтақа бо кӯҳҳои баланди  сар ба фалак кашида, набототу ҳайвонот ва парандаҳои гуногун  диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Боду ҳавои муаттари дараи Арху  ба машом  ҳаловати тоза бахшида, табиати афсонавии он  касро ғарқи хаёлоти рангин  менамояд.

Август 13, 2019 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинӣ оид ба маблағгузории миллӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «ҷаҳони бе партов» иштирок намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гашт
Деннис Фрэнсис саҳми Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуд
Дар Ню-Йорк аҳаммияти фаъолияти Раванди оби Душанбе баррасӣ гардид
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Дар шаҳри Остона ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии об иштирок намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Туркия муносибатҳои дуҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Москва Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд