Дар Бохтар зиёда аз 500 килограмм шираи камол мусодира гардид

Август 26, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 26.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  мошини  тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи марди 52-солаи сокини ноҳияи Вахш  боздошт гардид.  Ҳангоми азназаргузаронии дохили мошини  мазкур 6 адад зарфҳои ғунҷоишашон 50-литра, 1 адад  5-литра, 2 адад 3-литра ва 12 адад халтаҳои гуногун, ки дохилашон пур аз маводи бадбӯй, ба монанди маводи шираи камол буд, дарёфту мусодира гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  тибқи хулосаи ташхиси кимиёвию фармасевтии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон  аз 23 августи соли  равон  маводи гирифташуда ба маводи шираи сахтшудаи «камоли бадбӯй» мансуб буда, дар маҷмӯъ вазни холиси онҳо 527 килограмму 500 граммро ташкил медиҳад.

Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 234, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Хотиррасон мешавем, ки дар моддаи мазкур (моддаи 234-и КҶ ҶТ) чунин омадааст:

«Муомилоти ғайриқонунии шираи камол
1) Ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол ба миқдори начандон калон,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи зўроварӣ;
д) ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад».

Бояд ёдовар шуд, ки  камол растании бисёрсола буда, дарозии пояаш то 3 метр мерасад. Решааш ғафси сергӯшт, пояаш дарунковок,  гулаш зард ё зарди сафедча, тухмаш байзашакл буда, аз ду нима иборат аст. Дар вақти буридани решааш зифт (шира) ҳосил мекунад, ки бӯи сир дошта, мазааш турши тез аст.

Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди камол маълум аст. Аз камол зифт, самғ, эфир, дору ва ғайра мегиранд, масалан, ассафетида, галбан, сапаген, аммониакум ва ғайра. Ассафетида, ки аз Ferula assa—foetida ҳосил мекунанд, барои муолиҷаи бемориҳои асаб истифода мешавад.

Дар тиб доруҳои аз камол ҳосилшударо барои табобати бемориҳои дил, меъда, истерия, неврозҳо, сил, илтиҳоби ғадудҳои лимфагузар истифода мебаранд.

Аз рӯи мушоҳидаҳои чорводорон, аз истеъмоли растании камол дар аввали фасли баҳор аз бадани чорво тамоми кирму паразитҳо дур мешавад.

Мутаассифона, солҳои охир новобаста аз манъ намудани ҷамъоварии он, ба таври ғайриқонунӣ ва ғоратгарона шираи камол ҷамъоварӣ карда мешавад. Ин амали номатлуб метавонад растании камолро пурра дар Тоҷикистон ба нестӣ расонад ва наслҳои ояндаро аз фоидаи ин растанӣ маҳрум созад. Растании камол эҳтиёҷ ба муҳофизат дорад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷилавгарӣ аз нестшавии майдонҳои камол ҷамъовариву фурӯши шираи онро шурӯъ аз соли 2008  манъ кардааст.  Ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол дар ҷумҳурӣ ба танзим дароварда шуда,  танҳо ба чанд  ширкати дорусозии Тоҷикистон иҷозати коркарди он  дода шудааст.

Август 26, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд