Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Япония Тоҷикистонро 8 нафар варзишгарон муаррифӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 21.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 август то 1 сентябри соли равон дар пойтахти Япония–шаҳри Токио Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо баргузор мешавад. Дар он ҳашт нафар паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар рақобатҳо миёни мардон ширкат меварзанд. Дар ин бора шореҳи варзиш Каримхон БЕКМАТОВ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ иштироки беш аз 850 нафар варзишгарон аз 149 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти рoҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳашт нафар варзишгарон шомиланд, ки дар рақобатҳо миёни мардон дар шаш вазн иштирок мекунанд. Инҳо Хайёмиддин Ҷабборов (-66кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов бо Темур Раҳимов (+100 кг) мебошанд.
Паҳлавонон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 маҷмӯъ миёни мардон ва 7 маҷмӯъ миёни занон), инчунин барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза мебаранд. Ҳар рӯз ғолибон аз рӯи як дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва як дараҷаи вазнҳо миёни занон маълум хоҳанд шуд.
Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба варзишгарон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо пурра намуда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад. Ғолибону ҷоизадорони ин чемпионат дар Токио дар рақобатҳои инфиродӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 15 ҳазор доллар ва барои ҷойи сеюм 8 ҳазор доллар муқаррар шудааст.
Соли гузашта дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо, ки моҳи сентябр дар пойтахти Озарбойҷон-шаҳри Боку доир шуд, аз нуҳ паҳлавони тоҷик ягон нафар натавонист медал ба даст биёрад. Аз миёни онҳо ду нафар – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи байналмилалии дзюдо аз соли 1956 инҷониб Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдоро баргузор менамояд. Ин мусобиқа аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дуюм аст. Аввалин мусобиқа оид ба ин намуд дар ватани дзюдо – Япония бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.
Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни — 73 кило ба даст оварда буд.








Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд






