Дар Куала-Лумпур масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни агентиҳои миллии иттилоотии Тоҷикистону Малайзия баррасӣ гардид

Август 10, 2019 11:21

ДУШАНБЕ, 10.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 8 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо роҳбари Агентии миллии иттилоотии Малайзия «Bernama» хонум Нурини Кассим мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории байни агентиҳои миллии иттилоотии Тоҷикистону Малайзия табодули афкор намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Агентии миллии иттилоотии Малайзия «Bernama» соли 1967 аз ҷониби парлумони ин кишвар таъсис ёфта, 20 майи соли 1968 ба фаъолият шуруъ намудааст. Забонҳои кориаш малайзӣ, англисӣ, чинӣ, арабӣ ва испанӣ мебошанд. «Bernama» дар саросари Малайзия ва берун аз он, аз ҷумла дар Ҷакарта, Сингапур, Ню-Дели, Бангкок, Пекин, Дубай, Вашингтон, Лондон ва Австралия намояндагӣ ва хабарнигорони махсуси худро дорад.

 

Август 10, 2019 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд