Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истеҳсоли асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда мешавад

Август 13, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 13.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» (МОИ «Суғд») истеҳсоли асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда мешавад. Корхона соли оянда ин корро шуруъ карда, то соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли асалро ба 55 тонна дар як сол расонданист. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Фирдавс Олимзода иттилоъ дод.

Ба иттилои номбурда, охири моҳи июн тасдиқномаи мақоми субъекти МОИ ба ширкати канадагӣ Хантана Канада Inc. супорида шуд, ки ҳамчун филиал дар ҳудуди минтақа ба фаъолият машғул хоҳад шуд. Фаъолияти ширкат ба коркарди сифатноки асал, бастабандӣ ва содироти он тавассути истифодаи таҷҳизоти замонавӣ равона карда мешавад. Дар корхона зиёда аз 20 ҷойи кори доимӣ ташкил карда мешавад.
«Раванди истеҳсолӣ дар коргоҳи хурди махсус, ки дар он таҷҳизот ва лавозимоти муосир васлу насб карда шудаанд, ба роҳ монда мешавад. Баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо, маҳсули тозакардашуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон 80 мл то 700 мл ва зарфҳои махсуси хурди 7-10-грамма ҷой дода мешавад. Ширкат бо мақсади васеъ намудани маҷмӯи маҳсулот истеҳсоли асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахш ба нақша гирифтааст»,-илова кард Фирдавс Олимзода.

Зикр гардид, ки маблағи сармоягузории корхона зиёда аз 500 ҳазор доллари ИМА арзёбӣ шудааст, ки аз ҳисоби сармоягузори канадагӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, маҳсулоти тайёр ба бозорҳои ИМА, Канада, Арабистони Саудӣ, АМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз лиҳози он ки ин давлатҳо бузургтарин воридкунандаи асал мебошанд, содирот карда мешавад. Маҳсулоти корхона барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ нигаронида мешавад.

Ашёи хом – асали табиӣ буда, аз асалпарварони маҳаллӣ, ки бо онҳо шартномаи пешакӣ баста шудааст, харида мешавад. Зарфҳо ва тамғақоғазҳо барои бастабандӣ аз ширкатҳои чинӣ ва туркӣ харида мешаванд. Дар сурати зиёд гаштани ҳаҷми содирот, ширкат истеҳсол кардани зарфҳои шишагии худро ба нақша гирифтааст.

Август 13, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд