Дар шаҳри Душанбе Чемпионати CAFA-2019 миёни ҷавонон баргузор мегардад

Август 5, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 05.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 15 августи соли  равон  дар шаҳри Душанбе Чемпионати CAFA-2019 миёни ҷавонони то 19-сола доир мегардад. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.  

Бояд зикр кард, ки  ин чемпионати бонуфуз дар идомаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасон сурат мегирад. Ин навбат аз миёни панҷ даста беҳтарин дастаи минтақа муайян мешавад. Дар Чемпионати CAFA-2019 панҷ даста – дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.

Хотиррасон  менамоем, ки ҳамоҳангсози генералии мусобиқот котиби генералии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Санҷар Ризоев аз Ӯзбекистон мебошад, ёрдамчии ҳамоҳангсози генералӣ Илдар Гарифуллин аз Қирғизистон таъйин шудааст. Комиссарони бозиҳо Умед Ҷамолӣ аз Эрон ва Михаил Токачев аз Қирғизистонанд. Нозирони доварон Муҳсин Торки аз Эрон ва Аллаберген Сапаев аз Туркманистон интихоб шудаанд.

Бозиҳоро ҳайати доварон аз шаш кишвари аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳакамӣ менамоянд. Ҷумҳурии моро дар ин самт довари FIFA Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе ва ёрдамчии довари FIFA Ҳамза Шоимардонов аз Хуросон намояндагӣ мекунанд.

Ҳамагӣ дар доираи Чемпионати CAFA-2019 миёни ҷавонон 10 бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд. Мусобиқа тариқи системаи даврӣ дар як давр доир гашта, дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Ёдовар  мешавем, ки  Чемпионати CAFA-2019 барои дастаи  мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 2-6 октябр дар  шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаи футболи   мунтахаби  ҷавонони  Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои  мунтахаби  ҷавонони Сурия, Лубнон ва Малдив бозӣ мекунад.

Чемпионати CAFA-2019 миёни ҷавонон (U-19)

Давр  1-ум
9 август (ҷумъа)
17:00. Афғонистон – Туркманистон
20:00. Ӯзбекистон – Эрон

Даври 2-юм
10 август (шанбе)
17:00. Афғонистон – Ӯзбекистон
20:00. Туркманистан – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм 
12 август (душанбе)
17:00. Эрон – Туркманистон
20:00. ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Даври 4-ум
13 август (сешанбе)
17:00. Эрон – Афғонистон
20:00. Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5-ум
15 август (панҷшанбе)
17:00. Туркманистон – Ӯзбекистон
20:00. ТОҶИКИСТОН – Эрон

Август 5, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад