Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ба даст овардани унвони чемпиони CAFA-2019 талош дорад
ДУШАНБЕ, 14.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври сеюми Чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои футболи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Ҳамин тариқ, баъди ин рақобати ҷолиб дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор гирифт. Феълан дар зинаи якуми ҷадвал дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон бо доштани 9 имтиёз ҷой дорад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов бозии ниҳоии худро 15 август ба муқобили дастаи мунтахаби Эрон баргузор мекунанд. Бояд хотирнишон намуд, ки дар ин бозӣ пирӯзӣ барои футболбозони ҷавонони тоҷик хеле зарур аст.
Чемпионати CAFA U-19
Бозии даври 3-юм
Ӯзбекистон-Тоҷикистон 2:2
12 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2019 миёни ҷавонони то 19-сола баргузор шуд. Ин навбат дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистон пирӯз гашт.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба дастаи ҷавонони мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ислом Зоиров (дар дақиқаи 8-ум), Шаҳром Самиев (36) ва Абдулмуъмин Забиров (68) ба нишон расониданд.
Дар бозии дигари давр дастаи мунтахаби Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Туркманистон 4 голи беҷавоб зад.
Ёдовар мешавем, ки футболбозони ҷавони мамлакат дар даври дуюм бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба карда буд.
Хотиррасон менамоем, ки 9-10 август дар шаҳри Душанбе бозиҳои ду даври Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни ҷавонони то 19-сола баргузор шуд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар аввалин бозӣ бар дастаи ҷавонони Туркманистон бо ҳисоби калони 5:1 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Рустам Соиров ва Шаҳром Самиев дуголӣ, Амадонӣ Камолов як гол ба номашон сабт карданд. Ин бозӣ дар доираи даври дуюми чемпионат 10 август доир гашт. Бозии дигари ин давр миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби мусовӣ (2:2) анҷом ёфт.
Дар даври аввал дастаи мунтахаби Эрон бар дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда, бозӣ миёни дастаҳои Афғонистон – Туркманистон мусовӣ (2:2) ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби ҷавонони (U-19) Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Туркманистон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб дониста мешавад.
Чемпионати CAFA-2019 (U-19)
Бозии даври 1-ум
Афғонистон – Туркманистон – 2:2
Голҳо: Фаршед Воҷдӣ, 10 (1:0). Руслан Приев, 17 (1:1). Тариқ Муҳаммадӣ, 27 (2:1). Бегенчмурат Мурадов, 89 (2:2).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).
9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 мухлис.
Ӯзбекистон – Эрон – 0:
Голҳо: Муҳаммад Ҳусейн Завварӣ, 50 (0:1). Маҳдӣ Ҳошимнажод Раҳимободӣ, 75 (0:2).
Сардовар: Ҳалим Ака Шерзод (Афғонистон).
9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 120 мухлис.
Бозии даври 2-юм
Туркманистон – Тоҷикистон – 1:5
Голҳо: Раҳмон Муратбердиев, 16 (1:0). Амадонӣ Камолов, 34 (1:1). Шаҳром Самиев, 75 (1:2). Рустам Соиров, 88 (1:3). Рустам Соиров, 90+2 (1:4). Шаҳром Самиев, 90+5 (1:5).
Сардовар: Аҳрол Рисқуллоев (Ӯзбекистон).
10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 550 мухлис.
Афғонистон – Ӯзбекистон – 2:2
Голҳо: Беҳзод Шамсиев, 11 (0:1). Тоҳир Рафаэлов, 45 (0:2). Фаршед Воҷдӣ, 59 (1:2). Тариқ Муҳаммадӣ, 86 (2:2).
Сардовар: Воҳид Саид Козимӣ (Эрон).
10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 мухлис.








Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид






