ФУТБОЛ: Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2022 муайян гардид

Август 27, 2019 08:35

ДУШАНБЕ, 27.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии  дастаи   мунтахаби  Тоҷикистон  оид  ба футбол    Усмон Тошев ҳайати  дастаи  мунтахаби мамлакатро дар ду бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба муқобили дастаҳои мунтахаби  Қирғизистон  (5 сентябр,  Душанбе)  ва Муғулистон (10 сентябр, Улан-Батор) эълон кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи  футболи Тоҷикистон хабар  доданд.  

Тибқи иттилои манбаъ,  барои омодагӣ ба марҳилаи муқаддамотии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 футболбоз – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ҷалб шуданд. Инчунин ба ҳайати дастаи миллии мамлакат чор легионери ҳамлагар — Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА» — Индонезия), нимҳимоятгарон — Парвизҷон Умарбоев («Локомотив» Пловдив — Булғористон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор» — Ӯзбекистон) ва Манучеҳр Ҷалилов («Персебая»- Индонезия) даъват шуданд.

Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон омодагии хешро барои бозиҳои муқаддамотии ҶҶ-2022 28 август оғоз мекунад. Бозингарони ин даста  бозии нахустини худро дар марҳилаи муқаддамотии ҶҶ-2022 дар гурӯҳи «F» бар зидди Қирғизистон 5 сентябр баргузор мекунанд. Оғози бозӣ соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва арзиши чиптаҳо 10 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии ҶҶ-2022:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Памир»), Дилшод Додобоев («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»), Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Сиёвуш Асроров (бе даста);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов (ҳарду – «Кӯктош»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Персебая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду – «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

 

 

Август 27, 2019 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд