Кормандони Раёсати андози вилояти Суғд 18,1 млн. сомонӣ ҳолатҳои кам ҳисобкунӣ ва пинҳонкунии андозро ошкор намуданд
ХУҶАНД, 10.08.19. /АМИТ Ховар/. Давоми шашмоҳаи аввал аз ҷониби Раёсати андоз дар вилояти Суғд нисбат ба андозсупорандагони қарздор 942 қарор оид ба чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 33,2 млн.сомонӣ қабул гардида, дар асоси қарорҳои қабулшуда ба буҷети давлатӣ 11,8 млн.сомонӣ рӯёнида шудааст.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Суғд Абдуаҳад ШАРИФЗОДА сардори Раёсати андози вилояти Суғд Абдуқаюм ВОҲИДОВ иттилоъ дод.
Инчунин тибқи нақшаи ягонаи санҷишҳои маҷмӯии андозсупорандагон, аз ҷониби кормандони раёсат нисбат ба фаъолияти 167 субъектҳои хоҷагидор санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи 18,1 млн.сомонӣ ҳолатҳои кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид. Аз ин ҳисоб 15,5 млн.сомонӣ ба буҷети давлатӣ ситонида шудааст.
Дар ин замина, бо мақсади андешидани тадбирҳои таъсиррасон доир ба риояи муқаррароти қонунгузории андоз дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти андози вилоят 4477 субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи умумии 10,2 млн.сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, аз ҳисоби ҷаримаҳои таъйиншуда ба буҷети давлатӣ 7,6 млн.сомонӣ ворид карда шудааст.
Ҳамзамон А.Воҳидов афзуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2019 дар миқёси вилоят 34 909 нафар соҳибкорони инфиродии бо патент фаъолияткунанда ва 72 518 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби ин шумора ба буҷаи давлатӣ дар маҷмӯъ 138,1 млн.сомонӣ маблағ (38,6 ва 99,5) ворид гардидааст.
Зикр гардид, ки то имрӯз дар вилоят аз шумораи умумии 83696 адад андозсупорандагон беш аз 50 фисади онҳо ба шакли фаъолияти электронии пешниҳоди ҳисоботи андоз гузаронида шудаанд, ки аз он 80,1 фоизашро шахсони ҳуқуқӣ ва 45,4 фоизро соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд.
Дар маҷмӯъ, давоми нимсолаи аввал иҷрои нақшаи даромади буҷет ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби мақомоти андози вилоят ба андозаи 102,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 33,0 млн.сомонӣ зиёд ё 1 млрд.400,2 млн. сомонӣ ворид гардидааст.








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид






