Либосҳои мактабӣ ва ашёи хониши бе сертификати мутобиқат аз муомилот гирифта шуданд

Август 27, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 250 ҷуфт шиму костюми мактабӣ, 7000 адад дафтар, 300 китоби дарсӣ ва дигар ашёи хониш, ки  бе сертификати мутобиқат ба муомилот бароварда шудаанд, аз ҷониби кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.      

«Мусаллам аст, ки бо фарорасии соли нави таҳсил талабот ба либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш зиёд мешавад ва дар ин замина аз ҷониби соҳибкорон намудҳои гуногуни чунин маҳсулот ба бозори истеъмолӣ ворид мешаванд», — афзуд манбаъ.

Дар доираи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи бозори истеъмолӣ, риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, дар ин самт мунтазам аз ҷониби мутахассисони Агентӣ бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти ниёзи мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.

Мутаассифона, аз ҷониби баъзе фурӯшандагон маҳсулоти номбурда бе риояи талаботи барасмиятдарории гумрукӣ ва бе сертификати мутобиқат ба фурӯш бароварда мешавад.

«Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла либосҳои мактабӣ ва дигар ашёи хониш дар бозору нуқтаҳои савдои мамлакат назорати давлатӣ гузаронида шуда, ба миқдори зиёда аз 250 ҷуфт шиму костюми мактабӣ, 7000 адад дафтар, 300 китобҳои дарсӣ ва дигар ашёи хониш, ки  бе сертификати мутобиқат ба муомилот бароварда шудаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.

Нисбат ба фурӯшандагон тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд», — зикр намуд манбаъ.

Август 27, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон