Либосҳои мактабӣ ва ашёи хониши бе сертификати мутобиқат аз муомилот гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 27.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 250 ҷуфт шиму костюми мактабӣ, 7000 адад дафтар, 300 китоби дарсӣ ва дигар ашёи хониш, ки бе сертификати мутобиқат ба муомилот бароварда шудаанд, аз ҷониби кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
«Мусаллам аст, ки бо фарорасии соли нави таҳсил талабот ба либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш зиёд мешавад ва дар ин замина аз ҷониби соҳибкорон намудҳои гуногуни чунин маҳсулот ба бозори истеъмолӣ ворид мешаванд», — афзуд манбаъ.
Дар доираи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳифзи бозори истеъмолӣ, риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, дар ин самт мунтазам аз ҷониби мутахассисони Агентӣ бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти ниёзи мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.
Мутаассифона, аз ҷониби баъзе фурӯшандагон маҳсулоти номбурда бе риояи талаботи барасмиятдарории гумрукӣ ва бе сертификати мутобиқат ба фурӯш бароварда мешавад.
«Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла либосҳои мактабӣ ва дигар ашёи хониш дар бозору нуқтаҳои савдои мамлакат назорати давлатӣ гузаронида шуда, ба миқдори зиёда аз 250 ҷуфт шиму костюми мактабӣ, 7000 адад дафтар, 300 китобҳои дарсӣ ва дигар ашёи хониш, ки бе сертификати мутобиқат ба муомилот бароварда шудаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд.
Нисбат ба фурӯшандагон тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд», — зикр намуд манбаъ.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






