Майдончаи варзишӣ-сеюмин туҳфаи Агентии назорати маводи нашъаовар ба сокинони шаҳри Душанбе

Август 16, 2019 09:01

ДУШАНБЕ, 16.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дирӯз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  боз як майдончаи нави варзишӣ ва бозии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, майдончаи мазкур дар кӯчаи Туниси ин ноҳия аз  ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар маросими кушодашавии он  директори Агентӣ Шерхон Салимзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода  ва дигарон иштирок намуданд.

Ин сеюмин майдончаи варзишиест, ки бо қувваи кории кормандони Агентӣ дар пойтахти мамлакат бунёд мегардад. Майдонча пурра бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакону сокинон таъмин мебошад.

Дар майдончаи варзишӣ ҷой барои бозию дилхушии кӯдакон, тамрини бадан барои калонсолон, футболи хурд, волейбол, баскетбол ва сайру гашти сокинони маҳалла бунёд гардидааст. Ҳудуд ва атрофи майдонча сабзкорӣ шуда, дар он дарахтони сояафкан, аз ҷумла  165 дарахти арча шинонида шудааст, ки ин мавзеъро боз ҳам зебову назаррабо менамоянд.

Майдонча бо харҷи 654 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, масоҳати он 3206,00 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Сокинони маҳалла ин иқдомро самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба аҳолӣ, махсусан ҷавонон, ки насли ояндасози мамлакат ба ҳисоб мераванд, маънидод намуданд.

Август 16, 2019 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд