МАРҲАБО БА ТУРСУНЗОДА! Дар ин шаҳр хатсайри нави сайёҳӣ таъсис дода шуд

Август 21, 2019 18:38

ДУШАНБЕ, 21.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хатсайри нави сайёҳиро таъсис доданд, ки мақсад аз он рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва муаррифии  имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

«Ин иқдом ҷузъе аз талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлони сайёҳӣ буда, татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аст. Хатсайри мазкур мавсимӣ буда, фарогири саёҳати пиёдагардӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ ва кишоварзӣ мебошад», — илова намуд манбаъ.

Сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон доранд, дар доираи хатсайри мазкур аз маркази шаҳри Турсунзода то минтақаи сайёҳии Қаратоғ дидан намоянд. Ҳамчунин сайёҳон метавонанд аз намуди нақлиёти автобус ва нақлиёти хурд ҳам истифода баранд. Хатсайри мазкур аз Боғи истироҳатию мадании «Наврӯзгоҳи баҳори истиқлол»-и шаҳри Турсунзода оғоз гардида, дар истироҳатгоҳи Курани ҷамоати Қаратоғ анҷом меёбад.

Хатсайри пиёдагардони «Баҳори Истиқлол» асосан мавзеи сайёҳии дараи «Қаратоғ», «Кӯли Париён», «Темурдара» ва мавзеи Ширкентро дарбар мегирад, ки онҷо пайи динозаврҳо мавҷуд аст.

Маврид ба зикр аст, ки шаҳри Турсунзода табиати зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, боғҳои ангур ва дигар меваҳо, растаниву чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр мавриди истифода қарор гиранд. Бахусус, рушди соҳаи сайёҳии экологӣ, пиёдагардии куҳӣ, шикор, таърихию фарҳангӣ барои шаҳри Турсунзода хос мебошад.

Ғайр аз ин шаҳри Турсунзода дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию фароғатие мебошад, ки барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳр-хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», фермаи «Оҳуи холдор» воқеъ дар базаи хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», боғи таърихӣ — табиии «Ширкент», саёҳати куҳӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, изи динозаврҳо дар мавзеи «Ширкент», деҳаи қадимаи кӯҳии «Пашми куҳна» дорои табиати нотакрор дар дараи «Ширкент» мебошанд. Инчунин, дар шаҳр бештар аз 20 адад муассисаҳои истироҳативу солимгардонӣ, аз ҷумла, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Табибон», «Шифо», «Эдем Аква», «Азиза», «Муфид» ва дигарон амал менамоянд.

Инчунин, имкониятҳои мавзеъҳои Патру, дараи Ҳакимӣ, Париён ва кули Темурдара аз мавзеъҳои ҷолиб ва тамошобоби минтақа ба ҳисоб мераванд.

Қаратоғ аз ибораҳои «Қария»-шаҳри хурд ва «тоқ»-ягона ё бемисл гирифта шуда, маънои томаш шаҳри бемислу ягона аст. Бозёфтҳои археологӣ, ки аз мавзеи соҳили дарёи Қаратоғ ва атрофи он ба даст омадаанд аз аҳди Кӯшониён (асрҳои I-III мелодӣ) гувоҳӣ медиҳанд.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи баргузории нахустин Форум ва Намоишгоҳи  байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон — 2019», ки 8-10 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, барои меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабинии сатҳи баланд Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон, назири шаҳри Турсунзода,  Қалъаи Ҳисор, Варзоб ва Норак инфо — тур ташкил намуд ва дар он меҳмонону иштирокчиёни Форум аз 25 мамлакати дунё иштирок намуданд, ки рӯзноманигорон, блогерҳо ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро ҳамроҳӣ карданд. Ҷараёни боздиди меҳмонони хориҷӣ ва таассуроту андешаҳои онҳо дар бораи мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла меваҳои шаҳдбори шаҳри Турсунзода дар расонаҳои дохилию хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ бозтоб гардид.

Август 21, 2019 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст