Маркази исломшиносӣ шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаи илмиро барои панҷ соли минбаъда тамдид намуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаи илмии худро барои панҷ соли минбаъда тамдид намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зикр шуд, ки аккредитатсияи мазкур аз ҷониби Комиссияи аттестатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
«Барои тақвият бахшидани кор ва фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳлилии Марказ, инчунин ҷиҳати тамдид намудани шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаи илмӣ ба мақоми ваколатдор ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод карда шуда, тасдиқи худро ёфтанд»,-афзуд директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода.
Ба гуфтаи мавсуф, ин имконият медиҳад, ки кормандони ин ниҳод тӯли панҷ соли минбаъда дар самти таъмини асосҳои илмии сёсати давлатии муносибат ба дин ва озодиҳои виҷдон, таҳияи консепсияву барномаҳои рушди ҳаёти динии ҷомеа, таъйин кардани мавқеъ ва нақши дини ислом дар фарҳанги миллӣ ва ҷаҳони муосир ва дигар масъалаҳои марбут ба исломшиносиву диншиносӣ корҳои илмӣ- тадқиқотӣ анҷом диҳанд.








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






