Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим: «Дар Тоҷикистон теъдоди нашъамандон коҳиш ёфтааст»

Август 15, 2019 11:28

ДУШАНБЕ, 15.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди нашъамандон коҳиш ёфтааст. Ба ҳолати 1 июни соли равон 5666 нафар нашъаманд (128 нафар зан) ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2018 (6888) 1222 нафар ё 17, 7% кам мебошад. Ин нуктаро раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим имрӯз зимни ҷаласаи  васеи Шӯро, ки дар  шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз намуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласа- Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар кори ҷаласа муовинони раиси Шӯро, аъзои Шӯро аз ҳисоби роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин  намояндагони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, САҲА, Барномаи рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои вазъи имрӯзаи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои пешгирии он, вазъи Вируси норасоии масунияти одам /Бемории пайдошудаи норасоии масуният ва вазъи осебпазирии аҳолӣ бо тадбирҳои пешгирии онҳо, маълумот оид ба иҷрои  қарорҳои Протоколи ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор аз 12 феврали соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Оид ба вазъи имрӯзаи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои пешгирии он муовинони раиси Шӯро,  директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода,  доир ба вазъи Вируси норасоии масунияти одам /Бемории пайдошудаи норасоии масуният ва вазъи осебпазирии аҳолӣ бо тадбирҳои пешгирии онҳо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода сухан гуфтанд. Котиби Шӯро, сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ Бозоралӣ Сафарализода доир ба иҷрои  қарорҳои Протоколи ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор аз 12 феврали соли 2019 маълумот  пешниҳод намуд.

Шерхон Салимзода, аз ҷумла таъкид намуд, ки вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа пурра аз вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад. Бино ба маълумоти номбурда, аввали солҳои 90-уми асри гузашта нашъамандон дар Тоҷикистон умуман дар қайди расмӣ вуҷуд надоштанд. Шурӯъ аз солҳои 1995-96 мавҷудияти беморони нашъаманд дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида расида, соли 1998 шумораи онҳо ба 1475 нафар расид. Аз инҳо 61 нафарашон занҳо буданд. Солҳои минбаъда шумораи нашъамандон бо суръати баланд афзоиш ёфта, соли 2008 теъдоди он ба 8846  нафар расид.

«Тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти дахлдор андешидашуда мусоидат намуданд, ки соли 2019 шумораи онҳо 3180 нафар коҳиш ёфта, нисбат ба даҳ соли пешин 36 % кам гардад. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи мухаддир кишт ва истеҳсол намегардад. Аз рӯи сол шахсони синни 18-34 1102 нафар, 35-59-сола 4423 нафар ва аз 60-сола боло 141 нафарро ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки ҷавонони то 18-сола дар қайди нашъамандӣ нестанд»,-зикр кард ӯ.

Сипас, доир ба масъалаҳои зикргардида мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ҷаласаи  васеи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор аз рӯзи фаъолият бори аввал  аст, ки  дар чунин сатҳ бо иштироки ҳайати васеъ баргузор мегардад.

Масъулин мақсади баргузории  ҷаласаи васеи Шӯроро  ба ҳам овардани шахсони масъул дар соҳаи наркологӣ ва пешгирии нашъамандӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ дар пешгирии нашъамандӣ ва ВНМО, пешниҳод намудани маълумоти дақиқ оид ба шумораи шахсони нашъманд ва осебпазири ВНМО, пайдо кардани маълумот оид ба иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар самти пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 апрели соли 2004 дар назди Ҳукумати мамлакат Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар таъсис дода шуд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Август 15, 2019 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд